Тоҷикистон чутка ва хамираки дандони худро истеҳсол мекунад.

Бинобар иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ соли равон дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», ки дар ҷануби Тоҷикистон воқеъст, истеҳсоли чуткаи дандоншӯйӣ ва баъдан хамиракба нақша гирифта шудааст.
Барои бунёди корхонаи истеҳсоли чуткаи дандоншӯйӣ 1 га замин ҷудо карда шуда, баҳри татбиқи лоиҳаи он $500 сарф мешавад. Тавоноии истеҳсолии корхона дар як сол ба 1млн чутка баробар мешавад. Бо афзункунии тавоноии истеҳсолӣ дар дурнамои корхона воридоти маҳсулоти он ба Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон дар назар аст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *