Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё то ҳол тилло нагирифтаст

Аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ки  варзишгарони тоҷик дар рӯзи панҷуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар мусобиқоти гӯштини камарбандӣ (тарзи классикӣ), таэквондо WTF, муай тай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Барои медалҳо варзишгаргарони тоҷик дар намуди гӯштини камарбандӣ Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва Акрамхуҷа Тошмуродов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Муҳаммадғуфрон Тошзода (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) миёни мардон вориди рақобат шуданд. Аз миёни онҳо Худоёр Раҷабзода, Достонбек Почоев ва Маҳмад Миров ба гирифтани медали биринҷии бозиҳо сазовор гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Маҳмад Миров дар ин бозиҳо медали дуюми биринҷӣ ба даст овард. Ӯ ду рӯз пеш дар гӯштини анъанавӣ низ сазовори ҷои сеюм шуда буд.

Як медали дигарро Давлат Болтаев (-86 кг) дар намуди муай тай сазовор шуд. Давлат, ки дирӯз дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари мизбон Ялкапбердӣ Таҷенов ғалаба карда буд, дар даври чорякфинал аз намояндаи Ироқ Шаҳез Фозил мағлуб гардида, сазовори ҷои сеюм шуд.

Ҳамин тариқ шумораи медалҳои Тоҷикистон дар бозиҳо ба 18 адад- 1 нуқра ва 17 биринҷӣ расид. Мутаассифона, то имрӯз ягон варзишгарамон ба гирифтани медали тилло муяссар нашудаааст. Агар дар ин ҷода муваффақ шавад, кишвари мо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз мақоми 25-ум болотар маком меёфт.

Ҷои аввалро кишвари мизбон – Туркманистон ишғол кардааст. Варзишгарони туркман то имрӯз 127 медал (53 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 39 медал (10 тилло, 6 нуқра, 23 биринҷӣ) дар мақоми дуюм аст. Ӯзбекистон бо 57 медал (7 тилло, 16 нуқра, 34 биринҷӣ) дар ҷои сеюм қарор дорад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *