Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмиллалӣ дар Масква

Имрӯз,  18 сентябр,  дар ҳудуди Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи(ВДНХ) Россия дар шаҳри Москва  Намоишгоҳи 51-уми байналмилалии молу таҷҳизоти саноати сабук  «Текстиллегпром»ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар кишварҳои ИДМ мебошад, оғоз шуд. Дар он Тоҷикистонро ҳафт корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ намояндагӣ мекунанд. 

Сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Москва дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад.

Имсол Тоҷикистонро дар намоишгоҳ ширкатҳои «Ваҳдат», «Гулистони Душанбе», «Лиман», «Ноҳид», «Раҳимов А.А.», «Сапсан» ва «ХИМА-Текстил» муаррифӣ мекунанд.

Намоишгоҳи Москва барои ширкатҳои Тоҷикистон имкони хубест, ки маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш дода,  бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд.

Ҳайати Тоҷикистон имкон дорад дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва суҳбатҳои «мизи гирд» иштирок намояд, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ дидор намуда, бо фанновариҳои муосиру маҳсулоти нав шинос  шавад.

«Текстиллегпром», ки боз ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Намоишгоҳи мазкур муддати 25 сол аст, ки дар қаламрави ИДМ ва дигар кишварҳои хориҷӣ шӯҳрат дошта, бори 51-ум доир карда мешавад ва Тоҷикистон дар он  маротибаи 11-ум иштирок мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *