Тоҷикистон дар рӯйхати сиёҳи Амрико
Вазорати хориҷаи Амрико Тоҷикистонро дар қатори Ӯзбекистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Чин дар рӯйхати 10 кишвари мавриди нигаронии хос шомил кардааст. Ин рӯйхати сиёҳ кишварҳоеро дар бар мегирад, ки дар роҳи озодиҳои динӣ мониа ва маҳдудиятҳои аз ҳама бештар эҷод кардаанд.
Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи 4 январ эълон кард, ки вазири хориҷаи Амрико рӯзи 22 декабр 10 кишварро дигарбора ба рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хос шомил кардааст.
Дар изҳороти вазорати хориҷаи Амрико, ки сухангӯи ин вазорат Ҳизер Нойерт дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон қироат кард, чунин гуфта мешавад:
«Дар минтақаҳои хеле зиёде дар саросари ҷаҳон мардумро барои истифодаи ҳаққашон ба оҳодии дин ва озодии эътиқод то шол саркӯб мекунанд, ноодилона ҷазо медиҳанд ва ба зиндон мекашонанд. Имрӯз, як идда аз ҳукуматҳо ҳаққи афроди алоҳида барои пайравӣ, табдил ё даст кашидан аз дину эътиқодашон ва ҳамин тавр адои намоз бар асоси дину эътиқодашонро поймол мекунанд ва намегузоранд, ки озодона ба ягон дин ё мазҳаби муайян пайравӣ кунанд.
Бар асоси Қонуни озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ аз соли 1998, вазири хориҷа ҳар сол ҳукуматҳоеро, ки дар нақзи мунтазам, давромдор ва мудҳиши озодии мазҳаб даст доранд ё чунин рафторро таҳаммул мекунанд, ҳамчун «кишварҳои мавриди нигаронии хос” зикр мекунад. Имрӯз вазорати хориҷа эълон мекунад, ки вазири хориҷа рӯзи 22 декабр Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро ҳамчун кишварҳои мавриди нигаронии хос ҷудо кард. Покистон низ барои мавридҳои ҷиддии поймол кардани озодии эътиқод ба рӯйхати вижаи таҳти назорат ворид карда шудааст.
Ҳимоят аз озодии дин барои сулҳу субот ва пешрафт аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Таъкид рӯи ин кишварҳо беҳбуди вазъи эҳтиром ба озодии дин дар ин кишварҳоро ба ҳадаф дорад. Мо эътироф мекунем, ки бархе аз ин кишварҳои зикршуда рӯи беҳбуди вазъи озодии дин кор карда истодаанд. Мо аз ин ташаббусҳо истиқбол мекунем ва ба идомаи муколама умед дорем. Ийолоти Муттаҳида ҳамчунон ба ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо, созмонҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва раҳбарони рӯҳонӣ дар мавриди пешрафти озодии дин дар саросари ҷаҳон пойбанд аст.”
In far too many places around the globe, people continue to be persecuted, unjustly prosecuted, or imprisoned for exercising their right to freedom of religion or belief. Today, a number of governments infringe upon individuals’ ability to adopt, change, or renounce their religion or belief, worship in accordance with their religion or beliefs, or be free from coercion to practice a particular religion or belief.
In accordance with the International Religious Freedom Act of 1998, the Secretary of State annually designates governments that have engaged in or tolerated systematic, ongoing, and egregious violations of religious freedom as «Countries of Particular Concern”. Today, the Department of State announces that the Secretary of State re-designated Burma, China, Eritrea, Iran, North Korea, Sudan, Saudi Arabia, Tajikistan, Turkmenistan, and Uzbekistan as Countries of Particular Concern on December 22, 2017. The Secretary also placed Pakistan on a Special Watch List for severe violations of religious freedom.
The protection of religious freedom is vital to peace, stability, and prosperity. These designations are aimed at improving the respect for religious freedom in these countries. We recognize that several designated countries are working to improve their respect for religious freedom; we welcome these initiatives and look forward to continued dialogue. The United States remains committed to working with governments, civil society organizations, and religious leaders to advance religious freedom around the world.
Вазорати хориҷаи Амрико ҳар сол бар асоси гузориши Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико (USCIRF) рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хосро таҳия мекунад. Ин комиссия ду сол боз дар гузориши солонааш бо зикри мавридҳои афзоянда поймол шудани озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба вазири хориҷаи Амрико тавсия медиҳад, ки Душанберо ба рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хос шомил кунад.
Ба ин рӯйхат шомил шудани кишвар маъмулан боиси эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи ҳамкориҳояш бо Амрико, аз ҷумла дар мавриди дастрасӣ ба ёриҳои Ийолоти Муттаҳида мешавад.
Амрико, қарори маълум, бузургтарин донори Тоҷикистон ба шумор рафта, дар 25 соли охир ба Душанбе ба маблағи 1,8 миллиард доллар ёриҳои билоиваз расондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ