Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 126-ум шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷ икистон соли равонро дар зинаи 126-уми рейтинги FIFA ҷамъбаст кард. Имсол даста дар маҷмўъ 12 зина боло рафтааст.

Рейтинги ҷамъбастии FIFA ҳафтаи гузашта нашр шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон мувофиқи он дар ҳисоби худ 255 имтиёз дорад. Футболи Тоҷикистон дар байни дастаҳ ои осиёӣ дар зинаи 23-юм аст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал, (ҷойи 32-юм дар рейтинги ҷаҳонӣ бо 798 имтиёз), Австралия дар ҷойи дуюм (зинаи 38-ум, 747 имтиёз) ва Ҷопон дар зинаи сеюм (57-ум, 600 имтиёз) қарор доранд.

Дар соли 2017-ум дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш вохўрӣ гузаронд, ки аз ин панҷ  бозӣ дар доираи даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 ва як вохўрии рафиқона буд. Аз панҷ  бозии расмӣ дар ду вохўрӣ футболбозони тоҷик ғалаба карданд, ки ин бозиҳо бо дастаи мунтахаби Непал (2:1, 3:0) ба ҳисоб мераванд. Дар ду бозӣ бо Яман як шикастро аз сар гузаронданд ва як мусовиро ҳам таҷриба карданд. Дар бозӣ бо Филиппин дар доираи Ҷоми Осиё-2019 дар Душанбе бо натиҷаи 3:4 мағлуб шуданд. Дар зимн, дар доираи ин мусобиқа як бозии ҷавобӣ бо ин даста доранд, ки тақдири футболи Тоҷикистонро дар соли 2019 ҳал мекунад. Ғалаба бар Филиппин имкон медиҳад, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба даври финалии ин мусобиқа роҳ  ёбад. Ин бозӣ соли оянда 27-уми март дар Баколод баргузор хоҳад шуд.

Вохўрии рафиқонаи даста бо Баҳ райн дар соли 2017 бо натиҷаи 1:1 ба охир расида буд.

Дастаи мунтахаби Ўзбекистон дар ин рейтинг дар охири сол мақеашро ду зина беҳтар кардааст, аммо дар маҷмўъ имсол 17 зина поён рафтааст. Аввали сол Ўзбекистон дар ҷойи 61-ум буд, аммо солро дар мавқеи 78-ум ҷамъбаст кардааст. Дар байни дастаҳои Осиё Ўзбекистон дар зинаи 9-ум аст.

Туркманистон дар рейтинг дар зинаи 114-ум ва Қирғизистон дар ҷойи 115-уманд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *