Тоҷикистон дар рейтинги захираҳои тиллои ҷаҳон

Ширкати “World Gold Council” рейтинги кишварҳои ҷаҳонро аз лиҳози доштани захираҳои тилло тартиб додааст.

Тоҷикистон дар ин рейтинг зинаи 67-ро ишгол мекунад. Ба иттилои таҳлилгарони “World Gold Council” Тоҷикистон дар ихтиёри худ 12,3 тонна тилло ва 79,7 дарсади тамоми захираҳи тиллоии кишварро дорад. Тибқи ин раддабандӣ аз кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар захоири тиллоро Русия дорост.

Захираҳои ин кишвар 1526,1 тонна гуфта мешавад ва муаллифони рейтинг онро дар мақоми 7 ҷой додаанд. Қазоқистон бо 244 тонна тилло дар ҷойи 21 қарор гирифтааст.Мақоми кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ чунин аст: Белорус мақоми 48 (40,5 тонна), Озарбойҷон — 55 (30,2), Украина – 57 (25,2), Латвия — 78 (6,6), Литва – 81 (5,8), Қирғизистон – 83 (4,4).

Дар зинаи аввали рейтинги “World Gold Counci Амрико қарор гирифта, 8133,5 тонна тилло доштааст. Олмон бо 3378,2 тонна тилло дар ҷои дум, Италия бо 2451,8 тонна дар ҷои сеюм ҳастанд. Фаронса (2435,8 тонна) ва Чин (1833,5 тонна) низ шомили панҷгонаи раддабандӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *