Тоҷикистон дар СММ раъй надод
Тоҷикистон аз овоз додан ба қатънома Маҷмааи умумии СММ дар мавриди Қрим алайҳи Русия худдорӣ кардааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Маҷмааи умумии СММ сешанбеи 15 ноябр бо қабули қатънома вазъияти ҳуқуқи башарро дар ҷазираи Қрим маҳкум ва аз Русия даъват кардааст, нозирони байналмилалриро ба ин нимҷазира иҷозат диҳад. Ин қатънома бо 73 раъйи мусбат ва 23 раъйи манфӣ қабул шудааст. ИМА, Бритониёи Кабир, Канада ва кишварҳои Аврупо аз он ҳимоят ва Русия, Арманистон, Белорус, Венесуэла, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Сербия, Сурия ва Узбакистон алайҳи ин санад овоз додаанд. 76 кишвари дигар, бо шумули Тоҷикистону Қирғизистон аз раъй додан худдорӣ кардаанд.
Ба навиштаи хабаргузории “ТААС” дар ин санад амалҳои “нақзи ҳуқуқи инсон, меъёрҳои табъизомез нисбати бошандагони Қрим, аз ҷумла тоторҳо ва дигар ақалиятҳои қавмӣ” маҳкум шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ