Тоҷикистон: Ду бонки бӯҳрониро наҷот медиҳанд

Ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти бонкҳои тиҷоратии кишвар як гурӯҳи кории навро таъсис додааст. Роҳбари ин гуруҳи корӣ Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст.

То ба ҳол ба ҳалли бӯҳрон дар бонкҳои тиҷоратии кишвар, вазорати молия ва Бонки миллӣ машғул буданд. Аммо барномаи рӯи даст гирифтаи ин ниҳодҳо, бо ихтисоси беш аз 3 миллиард сомонӣ маблағ, бонкҳоро аз бӯҳрон наҷот надод. Як манбаъ, ки аз таҳаввулоти охир дар умури бонкӣ огоҳ аст, рӯзи 25-уми декабр гуфт, гурӯҳи кории зери роҳбарии Шариф Раҳимзода ба ҳалли мушкили ду бонк «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» талош хоҳад кард.

«Захираҳои молии будҷет барои бори дигар ҷудо кардани маблағ барои наҷоти бонкҳо хеле маҳдуд аст. Як варианти дигари кӯмаки давлат ба ин бонкҳо, ки баррасӣ мешавад, ин бахшидани қарзҳои андози ин ду бонк дар назди буҷа аст. Бо ин як қисми қарзи ин бонкҳо ҳал мешавад”, — афзуд манбаъ.

Таъсиси як гурӯҳи кории нав ва таъини Раҳимзода дар раъси он дар ҳолест, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон рӯзи 22-юми декабр аз вазъи ногувори бонкҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ карда гуфт, бонкҳо ба як “тормози рушди иқтисоди” ҷумҳурӣ табил шудаанд. Ӯ дар идома ба ҳукумат дастур дод, “ки нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин таҳия ва амалӣ намояд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *