Тоҷикистон: Фурӯши замин расмӣ мешавад

Ба зудӣ дар Тоҷикистон дар баробари чандин навъи бозор — бозори чорво, бозори мошин ва даҳҳои дигар, «бозори замин» арзи вуҷуд мекунад. Дар ин бозор харидорон метавонанд «ҳуқуқи истифодаи замин»-ро расман бар ивази пул, дарёфт кунанд.

Пайдоиши чунин бозоре дар Тоҷикистон бо қабули як зумра тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» мумкин шуд. Шакли нави ин қонун баъди нашри он дар рӯзномаҳои давлатӣ ҳукми иҷро гирифт.

Раҳмон Умариён, роҳбари КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»- и Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон гуфтааст, ки «тағйиру иловаҳо ба қонун заминаи ҳуқуқии хариду фурӯши заминро фароҳам сохт, аммо тартиби хариду фурӯшро бояд ҳукумат муайян кунад. Ҳоло як гурӯҳи корӣ дар Кумита лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистонро таҳия мекунанд».

Бар пояи ин қонун, дар Тоҷикистон бозори дасти аввал ва дасти дуввуми хариду фурӯши «ҳуқуқи истифодаи замин таъсис» хоҳад шуд. Умдафурӯши бозори аввалия худи давлат хоҳад буд. Чун дар Тоҷикистон бинобар меъёри муқарраркардаи Конститутсия, «замин моликияти истисноии давлат» шинохта шудааст.

Тибқи ин қонун, давлат ҳуқуқ дорад як қисмати заминҳоро ба фурӯш гузорад. Нафароне, ки аз ин бозори дасти аввал ҳуқуқи истифодаи заминро ба даст меоранд ҳамчунон ҳақ пайдо мекунанд, дар оянда ин ҳуқуқро ба шахсони дигар бо нархи бозорӣ бифурӯшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *