Тоҷикистон фурудгоҳи Айниро ба Россия медиҳад?

Русия барои истифода аз фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ, дар 15-километрии ғарби Душанбе, бо мақомоти Тоҷикистон вориди гуфтугӯ шудааст. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, рӯзи 27 декабр гуфт, ки созишномаи байни ду давлат дар ин робита дар ҳоли омодашавист. «Ҷониби Русия ҳавасмандии худро барои истифодаи ин фурудгоҳ иброз дошт, чун пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ба нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ниёз дорад»,- афзуд ӯ. Сафир гуфт, феълан чархболҳои пойгоҳи 201 дар фурудгоҳи Айнӣ ҷойгир шудаанд ва изҳори умед кард, ки масъала ба зудӣ ҳал мешавад. Фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ бо 20 миллион доллар кумаки Ҳинд бозсозӣ шудааст. Баъд аз анҷоми бозсозии фурудгоҳ сарусадоҳое бархост, ки Ҳинд мехоҳад онро ба иҷора бигирад, вале мақомоти Душанбе рад карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *