Тоҷикистон хостори тасдиқи созишнома бо Русия шуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия хост, то дар тасдиқи сареъи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мусоидат кунад.
Бино ба маълумоти Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 19 октябр дар ҷараёни дидори бо Вячеслав Володин ба ин нукта ишора кардааст.
Раиси Думаи давлатӣ таъкид кардааст, ки соли 2018 муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар маблағ фиристодаанд, ки қариб сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Володин пешниҳод кардааст, ки барои фаъолияти озод ва муассири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия миёни Тоҷикистон ва минтақаҳои Русия созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шаванд.
Зимнан, Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия рӯзи 18 октябр бо як дидори серӯзавориди Тоҷикистон шуда, бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва мақомоти расмии дигари кишвар мулоқотҳо кард.
Дар ин мулоқотҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла, дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд. Ҷониби Тоҷикистон аз раиси Думаи давлатии Русия хост, ки ҳарчи зудтар сохтмони 4 мактаби равияи таълим бо забони русӣ дар Тоҷикистон анҷом ёбад. Ин мактабҳо бо сармояи Русия бунёд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ