«Тоҷикистон»-и ҳамагон
Иброҳим Усмон, доктори илми таърих
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ки равияи ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ дошту дорад, 21-уми марти соли 1992 ба майдони сиёсиву идеологии кишвар дохил шуда, бо андаке танаффус имрӯз ҳам фаъолияти худро сарбаландона давом медиҳад. Ин рӯзнома дар идораи худ, дар ҳамаи давраи фаъолияташ моҳиртарин соҳибқаламони кишварро муттаҳид намудааст, аммо номи он асосан ба ду шахс иртиботи тавъам дорад. Яке публисист, журналист ва ташкилотчии системаи ВАО-и Тоҷикистон Насруллоҳ Асадуллоев мебошад. Ӯ қабл аз ин нашрия дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Литературная газета», «Комсомольская правда» фаъолият намуда, дар замони бунёди заводи Алюминии тоҷик, рӯзномаи «Алюминии тоҷик»-ро таъсис додааст ва рӯзномаи «Тоҷикистон» дуввумин нашрияи таъсисдодаи ӯ ба ҳисоб меравад.
Пас аз сари Насруллоҳ муддате рӯзнома нашр нагардид, он гоҳ рӯзноманигор, менеджери моҳири соҳаи журналистика Шарифҷон Ҳамдамов, ки собиқаи кори бошарафонаи эҷодӣ дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва «Садои мардум» дорад, эҳё ва нашри баъдии ин ҳафтаномаро ба дӯш гирифт ва онро дар зумраи нашрияҳои, ҳам аз нигоҳи мӯҳтаво, ҳам аз нуқтаи назари шаклу сифати чопӣ муосир қарор дод. Аз ҳама муҳим принсипи фаъолияти ин нашрия муҳофизат шуд. Яъне «Тоҷикистон» ҷаридаи мустақил ва озод боқӣ монд.
Ба назари баъзеҳо ғайриҳукуматӣ, мустақил ё озод будани матбуот маънои зиддиҳукуматӣ будани онро дорад. Аслан ин хел нест. Матбуоти зиддиҳукуматӣ маъмулан ба ҳизбҳои сиёсӣ такя мекунанд ва нияти ба қудрат овардани ҳизбе ё гурӯҳеро доранд. «Тоҷикистон» ва як силсила нашрияҳои мустақил ба ҳеҷ кадом нерӯи нав такя накардаанд. Онҳо ҳукуматӣ ҳам нестанд ва зидди ҳукумат ҳам набуданд. «Тоҷикистон»ҳамаи комёбиҳои ҳукуматро медид, дастгирӣ мекард ва барои устувории он ҳамеша мубориза мебурду мебарад. Ҳамзамон ин нашрия камбудиҳо, ҷиддитарин норасоиҳоро ҳам мебинад, дар бораашон менависад ва ислоҳи онҳоро мехоҳад. Дар ин ҳолатҳо тарзи гуфтораш «ба некӣ некӣ, ба бадӣ бадӣ»аст, аммо кинадор, ғараздор нест, тамаллуқ надорад.
Дар тадбиқи ин ғояи мусбату муҳим ба роҳбарону соҳибони ин нашрия Д. Эгамзод, А. Юлдошев, Х. Атовулло, М. Мақсадуллоҳ ва дигарон, ки ба ҳайси муҳаррир ё муовини он заҳмат кашидаанд, хизмати шоиста доранд.
Мустақил будану озод буданирӯзномаи «Тоҷикистон» дар он аст, ки на аз ҷиҳати маънавӣ ва на аз ҷиҳати молӣ, вай ба қудрате ё гурӯҳи вобаста нест. Сухани вай озод ва ҳақ мебошад, манфиати хонандаашро ифода мекунад, манфиати миллатро мехоҳад ва барои ободии Ватан мекӯшад.
Ин ҳама принсипи кори рӯзномаи мазкур аст, албатта дар саҳифаҳои он дар ин замони талош, барои хонанда чизҳое ҳам пайдо мешаванд, ки муҳтаво ва ривияи дигагунтаре доранд ва шояд онро талаби рӯз донистан беҳтар бошад.
Дар пешгуфтори шумораи аввал Н. Асадуллоевтаъкид намудааст, ки «Рӯзномаи мо ҳамноми ҷумҳурист ва мақсаду мароми мо инъикоси пурра ва хайрхоҳонаи ҳамаи равандҳо ва аъмоли нерӯҳои гуногун аст. Мо барои ба даст овардани якдигарфаҳмӣ ва муътаффақӣсаъю кӯшиш хоҳем кард.»
Ин ваъдаи хушку холӣ набуд. Агар «Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти 25 солааш варақ-варақ, сутун-сутун, ҳарф ба ҳарф бинед чизи бегонаро ба ин ваъда, чизи мухолифи Тоҷикистон, чизи мухолифи Ваҳдатро намеёбед ва ин сазовори таҳсин аст. Як мафҳуми ин изҳорот барои хотираи таърих лозим аст: «рӯзномаи мо ҳамноми ҷумҳурист». То ба ин «Тоҷикистон» мо ду «Тоҷикистон» доштем: «Тоҷикистони сурх», ки баъдтар «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ» ҳам шуду баъди истиқлолият дар соли 1991 «Ҷумҳурият» ном гирифт. Дигар маҷаллаи «Тоҷикистон», ки чанд шумора дар охири солҳои 50-уми асри гузашта чоп шуду бас. Дар арафаи нашри ҳафтанома боре Насруллоҳ шӯхӣ кард: «Муҳити идеологии кишвар бе«Тоҷикистон» монд. Мо инро пур мекунем.» Ва инро ҳам кард. Воқеан, соли 1928 вақте «Бедории тоҷик» «Тоҷикистони сурх» шуд, котиби КМ ҲК Ширвонӣ гуфт, ки маънои Тоҷикистон он аст, ки халқи тоҷик соҳибдавлат шуд. «Тоҷикистон»-и имрӯзаи мо ҳам ҳамин маъниро ифода мекунад. Ин дар шиорҳои давраҳои мухталифи рӯзнома низ пайдост: замоне «нашрияи мардумӣ» номида мешуд, ҳам дар давраи аввал ва ҳам имрӯз бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад. Воқеан, ин равия истифодаи муҳимтарин навигариҳои кишвар ва хориҷи он, таҳлили амиқи воқеаҳо, инъикоси онҳо аз нишонаҳои хоси ин нашрия ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, дар ҳама давр ноширон тавонистанд беҳтарин қувваҳои эҷодиро муттаҳид намоянд. Дар ин рӯзнома Қироншоҳ Шарифзода, Сайёфи Мизроб, Сӯҳроби Зиё, Ҷовид Муқимов, Филалишо Хилватшо, Солеҳ Юсуф, Кароматуллои Шукрулло Абдуғаффори Шоҳзода, Карими Комил, Тӯҳфа Аҳмадова, Ғайрат Ҳаким, Мухтори Саидбурҳон, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Маъруфи Бобораҷаб, Кароматуллои Аҳмад, Эшони Субҳонзод, Бахтиёри Воҳидпур ва бисёр дигарон, ки ҳар кадомашон аз қаламкашони шинохтаи замони худ ҳастанд, дар суроғ, ёфтан ва бозгуфтани ҳақиқат, бообуранг ва муаассир баён кардани ақида ва андеша ҳунари хос доранд, ҳамкор будаанд. Ҳам дар замони муқовимати сиёсӣ, ҳам дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам имрӯз онҳо як манфиат – манфиати тоҷику тоҷикистониро гуфтаанду ҳимоя кардаанд. Эҷоди онҳо шахсияташон, озод ва мустақилона гуфтанашонро ифода менамояд. Муҳити эҷодии «Тоҷикистон» ҳамеша мухолифи бардагии сухан буд.
Роҳи ягонаву устувори «Тоҷикистон»-ро дар ҳадафҳои эҷодии рӯзнома дарк кардан мумкин аст. Масалан, барои давраи аввал рубрикаҳои «Андеша», «Иқтисодиёт», «Кохи кӯҳна», «Сиёсат», «Точка зрения», «Дайджест», «Тиҷорат», «Бонги изтироб» хос буданд. Ҳоло рубрикаҳои асосии рӯзномаи «Тоҷикистон» инҳоянд: «Нигоҳи дигар», «Иқтисод», «Ҳафтае, ки гузашт», «Мавзӯи рӯз», «Мушкилот», «Адабиёт», «Дунёи варзиш», «Канзи шифо».Мавзуи ду рубрикаи охир барои аксари нашрияҳои мустақил хос шудаанд. Масалан, «Канзи шифо», тиб ва муҳити саломатӣ дар замони мо аз чорчӯби илм баромада, бештар «халқӣ» шудаанд, бинобар ин, «зеби» ҳамаи рӯзномаву маҷалла мебошанд.
Аз рубрикаи охирини «Тоҷикистон» мехостам «Сад сатр аз одаму одамгарӣ»-ро таъкид намоям. Ин сутун, ин навъ матлаб, нияти ниҳоят нек, ташвиқ ба накӯкорӣ, инсондӯстӣ одамгарӣ мебошад, ки дар ҳар давру замон, аз ҷумла дар рӯзгори мо ниҳоят муҳим аст. Вай муқобили «одам ба одам-гург» баёнгари рӯҳи тоҷикии «одам ба одам дӯсту бародар» мебошад. Ин рубрикаро ман бори аввал дар шумораҳои солҳои 70-уми рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» дидаам ва имрӯз Ш. Ҳамдампур онро натанҳо дар шароити нав идома медиҳад, балки ҳамчунон бо афзудани ҷоизаи ба номи Муродулло Шерализода моҳият ва мақсади онро қавитар ва ғанитар ҳам мекунад. Зеро худи М. Шерилизода олим, публисист, журналист ва сиёсатмадори тоҷик, намунаи олии одамият буданд.
Навоварии дигари «Тоҷикистон»-и ҳозираро дар муқоиса ба давраи аввал дар ду чизи дигар зикр кардан мумкин аст. «Тоҷикистон»-и аввал дар 8 саҳифа чоп мешуд ва идомаи имрӯзаи он да 24 саҳифа бо тиражи 14 ҳазор нусха мебарояд. Албатта имрӯз аз чор то шаш саҳифаи охири он вақфи эълону реклама ва бозиҳои саргармкунандаи машқдор аст.
Дигар «Тоҷикистон»аввалин ҳафтаномаи кишвар аст, ки аз аввали соли 2007 сар карда, дар қолаби ранга мебарояд ва бар нашрияҳои ҳамсони дунё дар ин маврид рақобат карда метавонад. Ин навигарӣ се чизи дигарро ҳам талаб мекунад, ки ҳафтанома онҳоро риоя менамояд. Аввалан бештар истифода бурдани хабару навигариҳои хурдҳаҷм, дуввум истифодаи сурат ва маводи хабарӣ. Яъне сурат ҷузъи матлаби калоне не, балки худ ба худ василаи хабаррасонӣ мешавад. Чизи саввум дар ин маврид интихоб ва сарлавҳанависӣ аст. Бисёр мешавад, ки сарлавҳаҳо бо мақсади таваҷчуҳро ҷалб кардан валвалаю дабдабадор мешаванд, баъзе сарлавҳаҳо дар худ хислати хабаррасонӣ доранд, баъзе сарлавҳаҳо ҷумлае мебошанд. Ин равия ва анъанаи матбуоти ҷаҳонӣ аст ва кормандони рӯзномаи «Тоҷикистон» низ аз онҳо пайравӣ мекунанд. Ин сабки нави ороиш, диққатҷалбкунанда аст, ки ба дасту дили хонанда бештар мерасад.
Бознашр аз «Озодагон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ