Тоҷикистон- мӯҳлати бақайдгирии хориҷиён тамдид карда шуд
Тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 шабонарӯз то 10 рӯзи корӣ муқаррар карда шуд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳии кишвар ислоҳоти муҳим гузаронида шуда, тағйироти куллӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар минтақа камназиранд.
“Дар баробари пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои соҳибкорони ватанӣ дар самти сайёҳӣ, озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, боз як дастгирии Пешвои миллат дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ- ин ба тасвиб расонидани қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то 10 рӯзи корӣ мебошад.
Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2018 таҳти №298 ва №299 оид ба тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва убури транзитии онҳо аз тариқи ҳудуди кишвари мо, муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 шабонарӯз то 10 рӯзи корӣ муқаррар карда шуд”, — зикр намуд манбаъ.
Қарорҳои мазкур қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгирии онҳоро ба танзим дароварда, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро уҳдадор месозад, ки бо тартиби муқарраргардида дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ворид шуданашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои хориҷии худ ё ин ки ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гиранд.
Бояд ёдовар шуд, ки муҳлати будубоши беқайд барои сайёҳон, ки тибқи раводиди навъи сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, 30 рӯз муқаррар шудааст ва ин имконият медиҳад, ки сайёҳон тамоми таваҷҷуҳи худро ба сайру саёҳат сарф намоянд.
Албатта, тамдиди муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то 10 рӯзи корӣ ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, сайёҳон ба ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ