Тоҷикистон: Мақомдор танзимро риоя накарду бемақом шуд

Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 15 август аз мақом барканор карда шуд. Як ҳафта пеш телевизиони давлатии Тоҷикистон Назарзодаро айбдор карда буд, ки дар баргузории тӯйи домодии писараш қонуни танзимро вайрон кардааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода рӯзи 15 август бо амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақом барканор карда шуд. Амри барканории Назарзодаро Асадулло Раҳмон – ёрдамчии Президент дар бахши кадрҳо дар ҳузури кормандони Китобхонаи миллӣ қироат намуд.

Асадулло Раҳмон баъд аз қироати амри Президент ба кормандон рӯй оварда, илова намуд, ки сабаби барканории Назарзода риоя нашудани Қонуни танзим дар тӯйи писараш мебошад.

Қаблан рӯзи 8 август Телевизиони Тоҷикистон дар як навор аз шеваи баргузории тӯйи писари Назарзода интиқод карда буд. Ҳарчанд Назарзода С. дар як мақолае таҳти унвони «Ҳасад ё бухл?!!» ин иттиҳомотро бепоя хонд, вале бо ин вуҷуд бо амри президент маҳз барои вайрон кардани қонуни танзим тарки мақом кард.

Аз имрӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии собиқ муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирализода Саломиддин фаъолият хоҳад кард.

Тӯйи хонадоршавии Фирдавс, писари Сайфиддин Назарзода рӯзи 30 июл дар тарабхона «Шоира-Люкс» баргузор шуд. Дар барномаи телевизиони давлатӣ Назарзода ба он айбдор карда мешуд, ки дар оши наҳораш беш аз 300 нафар ширкат кардаанд ва ҳамчунин корвони мошинҳои ин тӯйи арӯсӣ низ гӯё аз меъёр зиёд будааст. Бино ба ин гузориш, шумори меҳмонон дар тарабхонаи «Шоира-Люкс» низ аз меъёри муқарраршуда дар қонуни танзим бештар будааст.

Вале Сайфиддин Назарзода дар як ҷавобия бо номи «Ҳасад ё бухл?» навишт, ки дар ҷараёни маросими издивоҷи писараш Фирдавс ягон банди қонуни танзимро вайрон накардааст:«Ҳангомибаргузории маросими ақди никоҳ аз тарафи мо 4 мошини сабукрав ҷудо шуда будДар тамоми хаттсайри арӯсу домод (назди хонаи арӯсу домодҳангоми омадан ба хонаи ақди никоҳдар назди Боғи Ирамдар назди кохи Наврӯзгоҳдар назди тарабхонаи «Шоира-люкс”) мошинҳо дар як гурӯҳҳаракат мекардандки комилан мувофиқи қонунгузорӣ мебошадМошинҳоро ҳатто кормандони БДА дар назди Боғи Ирам аз санҷиш гузарониданд ва чун қонунвайронкунӣ вуҷуд надоштмошинҳоро раҳо карданд.»

Ӯ ҳамчунин навишта буд, ки дар маъракаи ниҳоӣ дар тарабхонаи «Шоира-Люкс” низ як қисми даъватшудаҳо омада натавонистанд ва аз ин рӯ ба ҷои 150 меҳмон, ки қонун муқаррар кардааст, дар тӯйи онҳо ҳадди аксар 120 нафар ҳузур дошт.

Президенти ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор гуфтааст, ки қонуни танзимро бештар аз ҳама мансабдорон вайрон мекунанд. Ӯ аз мақомоти масъул талаб карда буд, ки мансабдоронро барои вайрон кардани ин қонун аз мақом барканор кунанд. Дар тарҳи нави қонуни танзим, ки парлумони Тоҷикистон ҳафтаи оянда баррасӣ мекунад, ҷазои мансабдорон барои вайрон кардани қонуни танзим то 35 ҳазор сомонӣ боло бурда шуда, гуфта мешавад, ки мансабдорони баландпоя барои поймол кардани ин қонун аз мақомҳояшон барканор карда хоҳанд шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *