Тоҷикистон: Насби камераҳои назоратӣ дар донишгоҳҳо
Масъулони Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири назорати дарсҳо ва иштироки донишҷӯёну муаллимон дар синфхонаҳои худ бори нахуст камераҳои назоратӣ насб кардаанд.
Онҳо бовар доранд, ки бо насби камераҳо метавонанд сифати таълимро беҳтар намоянд. Чунин дурбинҳо дар аксар синфхонаҳои Донишгоҳи омӯзгорӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ насб шудааст.
Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфт, ҳадафи асосӣ аз насби камераҳои назоратӣ ин аст, ки устодон дарсҳоро чигуна мегузаронанд. Ба қавли Салимӣ, минбаъд ҷараёни дарсҳо сабт шуда, дар сомонаи донишгоҳ гузошта мешавад, то муҳассилини дигар аз ҳар макон тавонанд дарсҳоро аз худ кунанд.
Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, “ҳам барои амният ва ҳам барои онки деканҳо тавонанд назорат кунанд, дарсҳо дар вақташ сар шуд ва дар вақташ тамом мешавад. Яъне ба хотири назорати раванди таълим. Ин дар муқоиса ба гузашта осонтар аст, ки деканҳо ҳар соат синф ба синф гашта, раванди дарсҳоро назорат мекарданд”.
Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Самиев, сардори Раёсати таълими Донишгоҳи омӯзгорӣ мегӯяд, ҳадафи дигар аз насби камераҳо мушоҳида аз тамоми ҳолатҳо дар синф ва пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ