Тоҷикистон нишасти САҲА-ро тарк кард
Ҳайати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ҳузури намояндагони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар як нишасти байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон аз ширкат дар ин нишаст даст кашид ва онро тарк кард.
Ҳайати Тоҷикистон баъди қироати баёнияе дар нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон гуфт, ки ба нишони эътироз ин нишастро тарк мекунад. Дар баёнияи ҳайат, ки дар вебсайти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нашр шуд, омадааст, ҳайати Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмон аз ҳузури афроде, ки “ҷиноят кардаанд ва дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доранд ва дар нишасти созмон ширкат мекунанд”, бисёр нигарон аст.
Томас Раймер, сухангӯи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 23-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ ҳайат субҳи имрӯз баъди қироати баёния нишастро тарк кард. Нишасти солонаи арзишҳои инсонӣ дар шаҳри Варшава дар пойтахти Лаҳистон баргузор мешавад.Ба гуфтаи ҳайати Тоҷикистон иҷоза додани ин афрод ба нишаст, ки худро мухолифони давлати Тоҷикистон мехонанд, мухолифи усулҳои созмон аст ва ба обрӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо латма мезанад. Дар баёния омадааст, ҳайати Тоҷикистон “ҳузури гурӯҳе аз онҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҷиноятҳои сангин кардаанд, аз ҷумла амалҳои террористӣ анҷом додаанд ва дар ҷустӯҷу қарор доранд, бо таҳаммул рафтор кард, вале онҳо дирӯз хати сурхро гузаштанд ва мо зарур медонем, вокуниш кунем.” Манзур аз ин зоҳиран баҳси мухолифон ва аъзои ҳайати Тоҷикистон дар як нишаст дар ҳошияи ҳамоиши солона аст, ки байни ду тараф дар ҷараёни намоиши филме дар бораи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бархост.
Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки “иддаои ин афрод, ки онҳоро ба сабаби ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд, беасос аст.” Ба қавли ҳайат, ҳадафи ин афрод, беобрӯ кардани ҳукумат, қурбонӣ нишон додани худ ва ба даст овардани ҳаққи иқомат дар Аврупо аст.” Ба гуфтаи ҳайат, агар ин роҳ барои баъзеҳо, фирор аз ҷавобгарии ҷиноӣ бошад, барои иддаи дигар роҳи осони расидан ба Аврупо аст.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин баёния гуфтааст, ки “намояндагони аҳзоби мамнӯъ дар Тоҷикистон аз рӯзи аввал ба мо фишор меоварданд ва таҳдид мекарданд.”
Ҳайати мо ҳузур дар идомаи нишасти солона дар бораи ҳуқуқи инсонро номумкин медонад ва онро тарк мекунад.
Дар ин баёнияи ҳайати Тоҷикистон, тарафдорони мухолифони давлат дар хориҷро “террорист” номида ва гуфтааст, ки онҳо набояд ҳаққи ширкат дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дошта бошанд. Бо назардошти ҳамаи ин омадааст дар баёния, ҳайати Тоҷикистон ҳузур дар нишасти солона дар бораи арзишҳои инсонӣ дар Варшаваро ғайримумкин медонад ва онро тарк мекунад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ