Тоҷикистон: Радио мавқеъи интернетро танг мекунад
«М-вектор» ҳар сол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқ мекунад, ки мардум доир ба ҳодисаҳои кишвар ва хориҷ аз кадом манобеъ хабару иттилоъ мегиранд.
Бар асоси натиҷаҳои назарсанҷии нав, 67 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, иттиллоро бештар аз телевизионҳо дарёфт мекунад. Дар мақоми дуввум барои гирифтани иттилоъ Интернет будааст ва 12 дарсади мардум дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои огаҳ шудан аз таҳаввулоти ҷаҳону Тоҷикистон ба Интернету, расонаҳои интернетӣ муроҷиат мекунад.
Нӯҳ дар сади дигар гуфтаанд, ки радио барояшон як манбаи гирифтани хабар аст. “Соли гузашта шумораи онҳое, ки интернетро чун манбаи гирифтани иттилоъ зикр карданд, 24 дарсад буд. Ҳоло 12 дарсад аст. Баръакс шунавандагони радио аз 4 дарсади соли гузашта зиёд шуда ва ба 8 дарсад расидааст. Яъне мешавад гуфт, фазои холимондаи интернетро то ҷое радио пур мекунад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ