Тоҷикистон: Саҳнаҳои шаҳвонӣ аз филмҳо қайчи карда мешаванд

На бӯсу канор ва на лаҳзаҳои хуфтухоб. Бино ба оинномаи нави «Тоҷикфилм», пахши ҳамагуна саҳнаҳои шаҳватбарангези филмҳои хориҷӣ ва дохилӣ дар телевизиону кинотеатрҳои кишвар мамнуъ шуд. Мақомот гуфтанд, чунин саҳнаҳоро аз дохили филмҳо ёфта, қайчӣ хоҳанд зад.

Як мақоми муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гуфт, ин оиннома ба тозагӣ аз тарафи ҳукумат қабул шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст. «Оинномаро пешниҳодро кардем ва ҳукумат тасдиқ намуд. Ҳамаашро «Тоҷикфилм» назорат мекунад. Дар кинотеатрҳо, дубляжҳо ва студияҳо. Намоиши чунин лаҳзаҳо ба фарҳанги мо рост намеояд. Худо хоҳад, ҳамаашро дар як чаҳорчӯба медарорем», — афзуд мусоҳиби мо.

Ин мақоми «Тоҷикфилм» афзуд, интизор меравад, як ҳайати мушовара аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун низ ташкил шавад. Ин ҳайат ҳама филмҳои хориҷӣ ва тоҷикиро баррасӣ ва барои пахшу намоишаш иҷозат хоҳад дод.

Ӯ гуфт, «ҳар филме, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба иҷозаи мо пахш намешавад. Ҳайати мушовара филмҳоро тамошо мекунад, ки оё дар Тоҷикистон намоиш доданаш мумкин аст, ё не. То иҷоза набошад, пахш намешавад. Боз мебинем, ки ин филмро харидаанд ё дуздӣ аст. Тоҷикистон ба Конвенсияи кино ворид шудааст ва агар Худо накарда, даъвои ҳаққи муаллифӣ пеш ояд, ҷаримаи калон хоҳад шуд.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *