Тоҷикистон системаи авианавигатсияро навсозӣ мекунад

Тоҷикистон дар садад аст, инфрасохтори авианавигатсияро дар фурудгоҳҳои кишвар навсозӣ ва ба меъёрҳои муосири байналмилалӣ мутобиқ кунад.

Ба ин манзур давлати Тоҷикистон аз Бонки Бозсозӣ ва Рушди Аврупо ба миқдори 6 миллион евро қарзи имтиёзнок бо пардохт дар муддати 7 сол  дарёфт кардааст.

Дар назар аст, ин қарз барои харидорӣ ва насби таҷҳизоти  муосир барои системаи идораи  парвозҳо дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд масраф шавад.

Тибқи нақша то соли 2021 системаи навигатсионии фурудгоҳҳои Тоҷикистон навсозӣ шуда ва ин амр бехатарии парвозҳоро дар минтақаҳои баландкӯҳ, ки  обу ҳавои зуд-зуд тағйирёбанда дорад, таъмин хоҳад кард.

Бонки Бозсозӣ ва Рушди Аврупо дар иқтисоди Тоҷикистон 127 лоиҳаро, ки маблағи умумиаш 673 миллион евро аст, сармоягузорӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *