Тоҷикистон соҳиби 30% саҳмияҳои тилло шуд
“Тезинфен”,ки 75 дар сади саҳмияҳои бузургтарин тавлидкунандаи тилло дар Тоҷикистонро даст дошт, ҳиссае аз саҳми худро бо қимати рамзии 1 доллар ба ҳукумат фурӯхтааст.Саҳмиядори аслии корхонаи “Зарафшон”, ки 70 дар сади тиллои Тоҷикистонро истеҳсол мекунад, баъди музокирот бо ҳукумат мувофиқат кардааст, 5 дар сади саҳмияҳои худро дар ихтиёри ҳукумат бигузорад.Президенти Тоҷикистон бо имзои як қарор дар рӯзи 5-уми феврал ба Фаррух Ҳамрализода амр додааст, ки созишнома байни ҳукумат ва ширкати байналмилалии чинии “Тезинфен”- саҳмиядори аслии “Зарафшон”-ро ба имзо расонад. Баъди имзои ин созишнома, давлати Тоҷикистон соҳиби 30 дар сади саҳмияҳои Зарафшон мешавад ва 70 дар сади бақияи онро ширкати чинӣ дар ихтиёр хоҳад дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ