Тоҷикистон соҳиби идораи нав мешавад

Дар Тоҷикистон барои мусоидат ба содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар як ниҳоди нав таъсис дода мешавад. Қарори таъсиси Агентии содиротро, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидааст, Вазорати адлия нашр кард. Ин сохтори навтаъсис 8-умин агентӣ дар назди Ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия дастур додааст, ки дар муҳлати як моҳ барои ихтисор кардани кормандон дар дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ пешниҳод ироа кунад. Тибқи низомномае, ки ҳамчунон аз ҷониби ҳукумат тасвиб шудааст, ин Агентӣ дар вилояти Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор идораҳои худро хоҳад дошт. Барои ин агентӣ 35 воҳиди корӣ ва 3 мошини хизматӣ ҷудо карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *