Тоҷикистон: Таҳияи қонун “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”

Вакилони Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – тарҳи қонуни нав “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”-ро дуруст кардаанд.

Бино ба ин қонун, ба гурӯҳи маълумоти дорои хусусияти маҳрамона – гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ, фош кардани маълумот дар бораи бемории инсон, ҳаёти хусусиву оилавиаш шомил мешавад. “Маълумоти шахсии инсон иттилоъ дар бораи ному насаб, ҷои таваллуд, маҳалли зист, шумораи фарзандон, вазъи саломатӣ, хусусиятҳои физиологӣ ва биологиро дар бар мегирад”, — гуфта шудааст дар тарҳи қонун.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, муаллифи тарҳи қонун гуфт, тарҳи мазкур аслан барои бехатарии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон навишта шудааст. Ӯ гуфт, “тавре дар тарҳи қонуни мазкур омадааст, агар шахси масъул дар амри риояи ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрванд ба қонунушиканӣ роҳ диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *