Тоҷикистон: Талафоти беш аз ҳазор сар чорво

Чорводорони тоҷик мегӯянд, зимистони имсола чунон сарду тӯлонӣ ва ҳам сербориш омад, ки аксар хоҷагиҳо қисме аз чорпоҳои худро талаф доданд. Дар ҳоле ки байторҳои маҳаллӣ мизони талафоту бузу гӯсфандро садҳо ҳазор тахмин мезананд, масъулини давлатӣ аз изҳори шумори дақиқи ин талафот худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, бо сабаби хусусӣ будани хоҷагиҳои чорвопарварӣ омори дақиқ дар ин замина дастрас нест. Тоҷикистон бо 93 % қаламрави кӯҳистониаш як кишвари кишоварзист ва дар манотиқи берун аз шаҳрҳо мардум асосан аз ҳисоби деҳқонӣ ва чорводорӣ даромад мебинанд.

​Саркор Зайниддин, мудири яке аз хоҷагиҳои чорвопарварӣ дар мавзеи Гараутӣ дар ҷануби Тоҷикистон гуфтааст, талафоти чорво имсол назар ба солҳои пешин хеле зиёд буд. “Дар хоҷагии мо назар ба дигарон талафот чандон зиёд набуд. Ҳарчанд вақте ба гӯсфандон доруи зидди кирми меъда додем, тақрибан беш аз 50 сар меш аз сардӣ мурданд. Илова ба ин, беш аз сад гӯсфанд талаф шуд, ки аз ҳисоби камширии гӯсфандон ба миён омад”, — афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *