“Тоҷикистон таймс” боз фаъол гардид
Инак, пас аз ду рӯзи аз фаъолият бозмондани сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” -«Тоҷикистон таймс» ин сомона боз фаъол гардид.
Тавре, ки аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукмати ҶТ ба хабарнигори сомона гуфтанд, иллати аз фаъолият бозмондани сомона фаннӣ будааст ва пас аз барканор намудани ин норасоӣ, “Тоҷикистон таймс” боз барои хонандагони худ дастрас гардид. Сомонаи мазкур бо се забон(тоҷикӣ,хати форсӣ ва забони русӣ) нашр гардида, на танҳо ахбори таъҷилӣ ва хабарҳои муҳим, инчунин мақолаҳои таҳлилӣ ва маводҳои дигарро,ки дар ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “Оила” чоп мешаванд, манзури хонанда қарор медиҳад. Сомона ҳамчунин таҳти унвони “Хабарнигори мардумӣ” видео ва маводҳои фиристодаи хонандагонро нашр менамояд. Айни замон сомона озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро дар ҳамбастагӣ бо ҳафтаномаи “Оила” идома дода истодааст.ки ҳаводорони зиёде дорад. Минбаъд шумо метавонед ин сомонаро бе мушкилот дастрас намоед ва за он баҳра бардоред
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ