Тоҷикистон- Туркманистон — 3:0
Вохӯрии рафиқонаи ҳарифони дерин чунин анҷом ёфт
Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар дидори ҳаштум дастаи миллии Туркманистонро мағлуб сохт. Акнун таносуби дидорҳои ҳарифони дерин баробар шуд – ҳар кадом даста 3 борӣ ҳамдигарро шикаст дода, 3 борӣ ба ҳам бой доданд ва 2 вохӯриро мусовӣ карданд.
Вохӯрии ҳаштуми дастаҳои мазкур шоми 9 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 11 ҳазор мухлис хеле шавқовар ҷараён гирифт. Ҳамаи голҳоро ҳамлагари «Истиқлол»-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов вориди дарвозаи туркманҳо карда, хет-трик намуд.
Тӯби нахустинро Манучеҳр дар дақиқаи 35-ум аз партови Парвизҷон Умарбоев ба ҳадаф расонд. Чор дақиқа баъд аз ин партофти Искандар Ҷалиловро Манучеҳр бо сараш вориди дарвоза кард. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба танаффус баромаданд. Манучеҳр дар дақиқаи 60-ум муҳофизони ҳарифро фиреб дода, муаллифи голи сеюм шуд.
Ҳамин тавр, шогирдони Ҳаким Фузайлов бозии диданӣ нишон дода, мунтахаби Тоҷикистонро барои рейтинги ФИФА хуб муаррифӣ карданд.
Ба таваҷҷуҳи мухлисон мерасонем, ки мунтахаби Тоҷикистон 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо мунтахаби миллии Афғонистон вохӯрии байналмилалӣ м егузаронад. Оғози бозӣ соати 16:00 аст.
Э.Назаров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ