Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор тонна кумаки башардӯстона дарёфт кард

Бар асоси маълумоти Агентии омори Тоҷикистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба ин кишвар аз мамолики ҷаҳон ба миқдори 13,5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ворид шудааст, ки маблағи умумии он 35,4 миллион долларро ташкил додааст.

Умдатан ба ҳайси кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон орд, равғани растанӣ, дору ва таҷҳизоти тиббӣ ворид гардидааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, бештари кумакҳо ба Русия (43,8 дарсад) ва Чин (30,7 дарсад) рост меоянд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи беҳбуди амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2019-2023-ро қабул кардааст, ки барои иҷрои он 72,5 миллион сомонӣ ё 8 миллион доллари амрикоӣ лозим аст.

Дар назар аст ин барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети Тоҷикистон ва сармояи хориҷӣ иҷро мешавад.

Қаблан, давлати Олмон барои беҳбуди амнияти озуқаворӣ миёни модарону кӯдакон дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон 33,5 миллон евро ҷудо карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *