«Тоҷикистон» ва «Нилуфар» дастоварди нави олимони тоҷик

Донишмандони тоҷик мегӯянд, ду навъи картошкаи муфид барои сиҳатии инсонро офаридаанд, ки аз ҷумла дар пешгирӣ аз бемории ҷоғар кӯмак мекунанд.

Профессорон Акобир Мирзораҳимов, Ҳомидҷон Абдуллоев ва Қурбоналӣ Партоев, доктори улуми кишоварзӣ дар як мақолае дар бораи натиҷаи кори муассисаҳои таҳқиқотии биологӣ дар соли 2017 навиштаанд, яке аз картошкаи ба дастовардаашон, ки «Тоҷикистон» ном ниҳодаанд, нисбат ба дигар навъҳои ин сабзавоти серхаридор ба касалиҳо ва камобӣ тобовар аст, дар таркибаш оҳан бештари дорад, ки барои пешгирии камхунӣ мусоидат менамояд.

Картошкаи дигаре, ки аз роҳи дурагакунӣ ва ё селексионӣ ба даст овардаанд, “Нилуфар” ном гузоштаанд. Ба гуфтаи донишмандон, ин навъи картошка дар таркибаш ёди бештар дорад ва барои пешгирии касалии ҷоғар кумак расонад. «Нилуфар»-ро комиссияи махсуси вазорати кишоварзӣ санҷидааст. Ба гуфтаи донишмандон соли 2017 картошкаи «Тоҷикистон»-ро деҳқонони ноҳияҳои Лахш ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар 2,5 ҳазор гектар кишт карда ва ҳосили зиёд гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *