“Тоҷикистон” ва “Оила”-пурхонандатарин нашрияҳои Тоҷикистон
Тибқи назарсанҷии Маркази таҳқиқотии “Зеркало” ва созмони ҷамъиятии “Машварати расонаӣ” дар соли ҷорӣ ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “Оила” дар кишвар пурхонандатарин нашрияҳо эътироф шуданд.
Тибқи назарсанҷии Маркази таҳқиқотии “Зеркало” ва созмони ҷамъиятии “Машварати расонаӣ” дар соли ҷорӣ ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “Оила” пурхонандатарин нашрияҳо дар кишвар шинохта шуданд.
Натиҷаҳои ин назарсанҷӣ рӯзи 7 июн дар як нишаст дар шаҳри Душанбе эълон гардид.
Дар миёни нашрияҳои сиёсӣ “Тоҷикистон” дар зинаи аввал ва “Азия Плюс”-у “Чархи гардун” дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтанд.
Дар бахши радио ва телевизион Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва Радиои Тоҷикистон ҷойи аввалро сазовор шуданд.
Назарсанҷӣ дар миёни 2446 нафар аз сокинони аз 18-сола болои Тоҷикистон гузаронда шудааст.
Соли дуюм аст, ки Маркази таҳқиқотии “Зеркало” ва созмони ҷамъиятии “Машварати расонаӣ” дар мавриди рейтинги расонаҳои Тоҷикистон назарсанҷӣ мегузаронад. Дар соли гузашта низ “Тоҷикистон” ва “Оила” пурхонандатарин нашрияҳои кишвар эълон шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ