Тоҷикистониҳо 9 миллион нафар мешаванд
Ин шабу рӯз дар Тоҷикистон тифле ба дунё хоҳад омад, ки аҳолии кишварро ба 9 миллион нафар мерасонад.
Дар назар аст, ин тифли хушбахт ва волидонашон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шаванд. Абдувалӣ Қулов, роҳбари бахши демография ва омори иҷтимоии Оҷонси омори Тоҷикистон, гуфт, барои ба 9 миллион расидани аҳолии Тоҷикистон “ягон рӯзи дигар мондааст.” Ин масъули Оҷонси омор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ҳисоби онҳо дар семоҳаи аввали имсол теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба 8 миллиону 973 ҳазор баробар шуд. Илова бар ин, Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, моҳи апрел дар кишвар тақрибан 20 ҳазор тифли дигар ба дунё омад. Мақомоти тоҷик бо такя ба ин омор мегӯянд, барои ба 9 миллион расидани аҳолии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Дар ҳамин ҳол, як мақом дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора бо Оҷонси омор корбарӣ доранд ва мунтазири ба дунё омадани тифле ҳастанд, ки кишварро ба 9 миллион мерасонад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз рӯи муқаррарот то ду-се рӯзи боқӣ мондани таваллуди ин тифли хушбахт дар тамоми таваллудхонаҳои кишвар навбатдорӣ ташкил мешавад ва ба ин тифл ва наздиконаш туҳфаҳо тақдим мешавад. Соли 2013 – замони таваллуди шаҳрванди 8-миллионнафарии Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе ба ин хонавода як манзили чаҳорхонагӣ тақдим кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ