“Тоҷикматлубот”: Чаро мағозаи фирмавӣ баста шуд?
Аз масъулин хоҳиш мекунем, ки барои дубора барқарор кардани “Магазини фирмавии Тоҷикматлубот” таваҷҷуҳ намоянд.
Дар паҳлуи бинои “Тоҷикматлубот” магазин ба номи “Магазини фирмавии Тоҷикматлубот” ҷой дорад.
Дар ёд дорам, ки солҳои аввали кушодашавии ин магазин фурӯши маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардум, ба монанди маҳсулоти ширӣ, гӯшт, меваҷот, тарбузу харбуза , бодрингу помидор, хулоса ҳамаи маҳсулоти ҳаррӯза бо нархҳои дастрас фурӯхта мешуд. Шояд бо сабаби кам будани харидорон ин магазин баста шуда бошад.
Ҳоло дар наздикии ин магазин якчанд биноҳои бисёрошёна ( то 16 — ошёна) қомат рост кардааст, ки дар онҳо ҳазорҳо одамон истиқомат доранд. Ҳазорҳо донишҷӯёну кормандони се донишгоҳҳои калони ҷумҳурӣ аз ин ҷо убур мекунанд. Аз тарафи дигар, дар байни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (ғайр аз маркази савдои “Рӯдакӣ плаза”, ки нархномаи он хеле баланд буда, дастрасӣ на ҳамагон мебошад) дигар ягон магазини хӯрокворӣ нест.
Аз масъулин хоҳиш мекунем, ки барои дубора барқарор кардани “Магазини фирмавии Тоҷикматлубот” таваҷҷуҳ намоянд.
Қурбон Норов,
истиқоматкунандаи хиёбони Рӯдакӣ, бинои 126
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ