Тоҷикон буҷаи маскавро пур мекунанд

Буҷаи шаҳри Маскав танҳо аз ҳисоби патент ба муҳоҷирон дар соли ҷорӣ 14 миллиард рубл ба даст овардааст, ки назар ба як соли пеш 30 дарсад бештар аст. Ин дар ҳолест ки сатҳи даромади муҳоҷирон дар як соли охир боз ҳам камтар шудааст.

Максим Решетников, раҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳрдории Маскав дар як мусоҳиба бо хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, дар соли 2016 танҳо дар пойтахти Русия ба муҳоҷирон беш аз 400 ҳазор патент фурӯхтаанд ва «аз фурӯши патент ба буҷаи шаҳр 14 миллиард рубл ворид шудааст. Ин назар ба як соли қабл 30 дарсад бештар аст.”

Максим Решетников гуфт, аксари муҳоҷироне, ки дар Маскав барои кору фаъолият патент гирифтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Молдова мебошанд.

Раҳбари бахши иқтисодии ҳукумати Маскав гуфтааст, то ҳол муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ кор мекунанд, зиёданд, вагарна фоидаи буҷаи шаҳр аз ҳисоби ин мардум боз ҳам бештар мешуд. Ба ҳисоби Максим Решетников, дар ҳар сурат, «шумори муҳоҷироне, ки ба фаъолияти қонунӣ гузаштаанд, аз 53 дарсад то 78 дарсад афзудааст.”

Аммо дар ҳоле ки ҳукумати шаҳри Маскав аз 30 дарсад афзудану ба 14 миллиард рубл, муодили тақрибан 230 миллион доллар расидани фоидаи буҷаи пойтахти Русия аз ҳисоби муҳоҷирон хабар медиҳад, омори расмии мақомоти Русия инак се сол паиҳам аз коҳиши пайвастаи сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия дарак медиҳанд.

Бино ба охирин омори Бонки марказии Русия, дар 9 моҳи аввали соли 2016 аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1,4 миллиард доллар пул интиқол додаанд. Ин назар ба соли гузашта 14 дарсад ва нисбат ба соли 2014 қариб ду маротиба камтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *