Тоҷикон Дар 6 моҳ 7 миллиард ба буҷаи Маскав ворид карданд

Гарон будани нархи патент ва супоридани имтиҳони забони русӣ аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Россия ҳисобида мешавад.

Муҳоҷирон дар  сомонаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо  борҳо аз арзиши гарони  патент, яъне иҷозати  кор дар минтақаҳои мухталифи Россия  ва ҳамчунин аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар шикоят мекунанд. Ҳоло тарафи  Тоҷикистон  аз Россия дархост дорад, ки арзиши патенти кор барои муҳоҷирони тоҷик камтар ва шароит барои  супоридани имтиҳони забони русӣ ҳам сабуктар гардад. Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  аз кори комиссияи фаъолиятдошта,  дар масъалаи муҳоҷирон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҳар як вохӯрӣ ва ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба ҷониби Россия пешниҳод дорем, ки ба муҳоҷирони кишвар сабукӣ дода шавад. «Дар масъалаи имтиҳони забони русӣ ягон мушкилот нест. Чунки сертификати донистани забони русиро як маротиба мегиранд ва он бемуҳлат аст. Ҷониби Россия ҳам инро тасдиқ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар дар супоридани имтиҳони забони русӣ пешқадаманд ва омодаанд, ки ба саволҳо нағз посух диҳанд. Қариб ки ягон нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз ин имтиҳон намегардад. Ҳамчунин, ба қонунҳои Россия баъзе тағйиротҳо ворид гардида, муҳлати ҷазо барои муҳоҷирони қонуншикан камтар карда шуд. Ҳамаи ин ташаббусҳои  Тоҷикистон аст». Масалан, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна дар маркази Сахаровои шаҳри Маскав 1200 нафар ҳуҷҷат месупоранд ва ҳар патент дар шаҳри Маскав  4200 рубл нарх дорад. Ба иттилои расмии мақомоти Россия, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирон ба буҷаи Маскав 6,8 миллиард рубл даромад ворид кардаанд. Ба қавли шаҳрдори Маскав, ин маблағ бештар аз даромадест, ки аз ширкатҳои сабтиномшудаи нафту газ дар ин шаҳр ворид мегардад. Нигаронии муҳоҷирон ин аст, ки дар як соли охири баъди ҷорӣ шудани патенти ҳармоҳаи кор, шароити кор дар Россия вазнинтар мешавад.  Мушкили дарёфти иҷозати расмии будубош ва кор дар Россия, дар як соли охир ҳудуди 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳаққи ворид шудан ба қаламрави ин кишвар маҳрум кардааст. Ба ин хотир,  Ҳукумати Тоҷикистон бо як муроҷиати расмӣ мехоҳад аз Россия хостори арзонтар кардани нархи патент барои муҳоҷирони тоҷикро дархост кунад. Ҳамзамон,  Тоҷикистон дархост мекунад, ки талаботи супоридани санҷиш аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои муҳоҷирони кории тоҷик содатар карда шавад.

Моёншо Мамадбеков, як корманди  вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳои кишвар иброз доштааст, ки  чунин дархост омода  шуда, баъд аз тасвиби он дар ҷаласаи наздиктарини ҳукуматӣ ба ҷониби Россия фиристода мешавад. Ӯ  шахсан боварӣ  ҳосил намудааст, ки арзиши патенти кор барои муҳоҷирони кории мо гаронӣ мекунад.

Иброҳим Аҳмадӣ, намояндаи вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  дар Россия  дар суҳбат бо хабарнигор  иброз дошт, ки нархи патент вобаста ба минтақа арзиши гуногун дорад. Ҳамчунин, ба андешаи номбурда, нархи супоридани санҷиш аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Россия барои муҳоҷирон дар Маскав 500 рубл аст, вале дар бархе аз вилоятҳои ин кишвар арзиши он то 5-7 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Аҳмадӣ мегӯяд, ки  «супоридани санҷиш чандон душвор ҳам нест. Агар шахс ҳудуди 700-800 калимаи русиро донад ва аз 20 савол ба 11-тои он посух диҳад, аз имтиҳон мегузарад». Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон , дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 441 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафтаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 даҳ фоиз камтар будааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд, ки  аз роҳи музокираву гуфтугӯ бо ҳамкорони русашон онҳоеро, ки, ба қавле “гуноҳҳои сабук” содир кардаанд, аз феҳрасти “сиёҳ”-и қонуншиканҳо берун карда, барояшон шароити бозгашт ва кор дар Русияро фароҳам оваранд. Моҳи июл баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурии Русия, сафорати Тоҷикистон гуфта буд, ки исми 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба феҳрасти поймолкунандаҳои кодекси маъмурӣ ворид шудааст ва як бахши асосии  онҳо барои нақзи муқаррароти кор ва надоштани патент хориҷ шуданд. Муҳоҷире  аз Якутия  тасмими поин бурдани  нархи патенро бо хушнудӣ қабул карда, иброз намудааст, ки ин корро бояд барвақт кардан даркор буд. Ба навиштаи ин муҳоҷир дар Якутия нархи патент барои як моҳ 8174 рубл,имтиҳон барои прописка ё шаҳрвандӣ гирифтан аз 5500 то 7000 рубл аст. Аммо ба назари   ин ҷониб Ҳукумати Россия фоидаро дид ва дигар нархро поин нахоҳад кард.  Имтиҳонро сабук ҳам кунад, аммо нархи патентро кам намекунад. Агар  ин пешгуии мо нодуруст баромад, аз он хурсанд хоҳем шуд…

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *