Тоҷикон дар Маскав террор карданӣ буданд?
Маъмурони амниятии Русия мегӯянд, ки чаҳор нафар, бо шумули се шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд, ки гӯё мехостанд дар Маскав амалҳои террористӣ анҷом бидиҳанд. Хадамоти Федералии Амнияти Русия ё ФСБ бо нашри баёнияе гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова мехостанд, “бо истифода аз абзори таркандаи пурқудрати худсохт” дар Маскав “амалҳои пурсарусадои террористӣ” анҷом диҳанд. Дар баёния омадааст, ки ин чаҳор нафар узви “гурӯҳи харобкор ва террористиро” дар ҷараёни амалиёт дар Маскав дастгир карданд ва дар ҷойи зисти онҳо “аслиҳа ва абзорҳои худсохти тарканда” кашфу мусодира шудааст. Ба иддаои Хадамоти федералии амнияти Русия, ҳамаи ин афрод гӯё аз аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Туркия дастури мустақим гирифтаанд ва дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ доранд.ФСБ дар сомонаи расмии худ дар бораи боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрвади Молдова хабар дода гуфтааст, ки ин афрод дар ҷараёни амалиёте рӯзи 15 декабр дастгир шуданд. Тафтишот гӯё далели онро доштааст, ки ин гурӯҳ дар фикри ташкили «як силсила» ҳамлаҳои террористӣ будааст. Суроғаи зисти ин афрод шаҳр ва вилояти Маскав зикр шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ