Тоҷикон дар Ню-Йорк «Душанбе” кушоданд

Зодагони Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико қаҳвахонаеро бо номи «Душанбе” кушодаанд, ки ба муштариёни беҳтарин намунаҳои ғизои тоҷикӣ – аз оши палаву қурутоб то самбӯсаву сихкабобро пешниҳод мекунад. Вале муҳим аз ҳама, муҳити саропо тоҷикии ин қаҳвахона аст.

Хабарнигори тоҷик Далери Иброҳим дар саҳифааш дар Фейсбук гузориши видеоиеро дар бораи қаҳвахонаи «Душанбе”, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрикост, нашр кардааст.

Далери Иброҳим мегӯяд, ин қаҳвахона ба сокинон ва меҳмонони ин шаҳри бузург ҳам фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷикиро муаррифӣ мекунад ва ҳам беҳтарин намунаҳои ғизои тоҷикӣ — аз оши палаву қурутоб то самбӯсаву сихкабобро пешниҳод мекунад.

Соҳиби қаҳвахонаи «Душанбе” гуфтааст, қаҳвахонаро барои он кушоданд ва номашро «Душанбе” монданд, ки зодагони Тоҷикистон ва ҳам сокинону меҳмонони Ню-Йорк худро дар инҷо «мисли дар Тоҷикистон ҳис кунанд.”

Муҳити қаҳвахонаи «Душанбе” як муҳити хеле тоҷикона аст ва деворҳои он бо ҷомаву тоқии тоҷикӣ, наққошиҳои табиати Тоҷикистон, қафаси кабк, лаъливу чойнику пиёлаҳои тоҷикӣ ва амсоли ин ороиш дода шудааст, ки ҳар муштарӣ дар инҷо худро дар Тоҷикистон эҳсос кунад. Мусиқиҳои тоҷикӣ, ки дар қаҳвахона садо медиҳанд, ҳавои онро боз ҳам бештар тоҷикона мекунанд, гуфта мешавад дар ин гузориш.

Далери Иброҳим мегӯяд, ки ибтидо асосан тоҷикистониҳои муқими Амрико ба қаҳвахонаи «Душанбе” сар мезаданд, то лаҳзае «хумори Ватан бишкананд.” Вале ҳоло амрикоиҳо ва ҳам меҳмонони дигари Ню-Йорк низ ба инҷо барои чашидани лаззати хӯрокҳои тоҷикӣ меоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *