Тоҷикон дар Русия… ғуломдор шуданд

Пулиси шаҳри Серпухови вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони истифодаи афрод дар кори ғуломона дастгир карданд.

Пулиси шаҳри Серпухови вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони истифодаи афрод дар кори ғуломона дастгир карданд.

Тибқи хабари Маркази матуботи ВКД Русия дар вилояти Маскав, ба иттиҳоми истифодаи меҳнати ғуломона зани 51-сола бо писари 29-солааш боздошт шуда ва муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ озод шудаанд.

Дар хабар омадааст: ин ду нафар чанд тан аз шаҳрвандони Ӯзбекистонро бо ваъдаи пардохти 250 доллар дар муддати 15 рӯз ба Русия оварда, ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифта ва пули корашонро пардохт накардаанд.

Чаҳор муҳоҷири корӣ тавонистаанд ба пулис шикоят баранд, ки дар пайи он ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Кумитаи бозрасии Русия дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноятӣ боз карда ва тафтишотро оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *