ТОҶИКОН дар суҳбати Ғафуров бо Сталин

Таҳти ин унвон китоби публитсист, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур ба муносибати 110 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз чоп баромад.

Ин китоб лаҳзаҳо аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки Шариф Ҳамдампур онҳоро аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафон, наздикони аллома ва бойгониҳо дар солҳои гуногун ҷамъ овардааст.

Ин лаҳзаҳо на танҳо чеҳраи ин шахсияти дар сарнавишти халқи тоҷик нақши созандадоштаро боз мекунад, балки парда аз рӯйи ҳақиқати таърих мебардорад.

Мавриди ёдоварист, ки пораҳои ин китоб дар чанд шумораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи tajikistantimes. com нашр шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам алоқамандони зиёде пайдо кард.

Дар ин асар, ҳамчунин саҳнаҳои сарнавиштсози таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ бозгӯ ва парда аз рӯйи ҳақиқати бозиҳои сиёсӣ бардошта мешавад.

Ҳуҷҷатҳои нодир, стенограммаҳо ва мактубҳои номатбуи академик Бобоҷон Ғафуров, ки Шариф Ҳамдампур аз бойгониҳои давлатӣ ва шахсии олимон ҷамъоварӣ кардааст, арзиши китобро дучанд мекунад.

Хотироти олимони маъруф Е. Челишов, Ю. Петросян, Н. Симония, Д. Комисаров, Б. Ключников, Н. Гафурова, Твардовский ва дигар шахсиятщои таърихӣ шоҳиди шуҳрат ва маҳбубияти  Бобоҷон Ғафуровро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз ҳудуди он мебошанд.

Китоби мазкур аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, барои  донишҷӯён, алоқамандони рӯзгору осори Бобоҷон Ғафуров,  муҳаққиқон –доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *