Тоҷикон дигар арақ наменӯшанд
Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт,ки талабот ба нӯшокиҳои спиртӣ дар кишвар кам шудааст.
Бобозода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки майнӯшии мардум кам ва талабот ба нӯшокиҳои спиртӣ коҳиш ёфтааст: “Ин хуб аст, ки мардум наменӯшанд. Солҳои пеш дар тӯю маъракаҳо машруботи спиртӣ зиёд истифода мешуданд, ҳоло бошад қариб, ки нест”.
Ба гуфтаи вазир феълан дар кишвар дар маҷмуъ ҳудуди 100 корхонаи нӯшокиҳои спиртӣ фаъолият доранд, ки қисмеяшон ҳам маҳсулоти спиртӣ ва ҳам нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол мекунанд.
Дар идома Бобозода аз корхонаҳои тавлиди нӯшокиҳои ташнашикан тавсиф намуд, ки ҷойи маҳсулоти воридотиро танг карда истодаанд. Ба иттилои манбаъ воридоти нӯшокиҳо ба кишвар 25 дарсад кам шуда, фаъолияти корхонаҳои ватанӣ густариш ёфтааст.
Изҳороти вазир дар мавриди майнӯшии ками мардум дар ҳолест, ки тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт ё World Health Organization (WHO) Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишваре дониста мешавад, ки аҳолиаш аз ҳама кам нӯшокиҳои спиртиро истеъмол мекунанд.
Дар гузориши СУБ дар ин робита омада буд, ки дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар нафар солона 2,8 литр нӯшокиҳои спиртӣ менӯшанд. Қирғизистону Туркманистон 4,3 литр, Узбакистон 4,6 ва аз ҳама зиёд дар Қазоқистон ҳар нафаре солона 10,3 литр спирт истеъмол мекардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ