Тоҷикон дигар “қул” ё “тӯра” намешаванд

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон феҳристи 3 ҳазор номи тоҷикиро нашр кард. Мақомот гуфтанд, ки ин китоб бо теъдоди даҳ ҳазор нусха аз чоп баромада, дар ҳамаи Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС тақсим хоҳад шуд. Аз ин ба баъд, номи тифлон асосан бар пояи ҳамин феҳрист гузошта мешавад. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин китоб шакли дурусти навишти номҳо ба забони русӣ ва англисӣ ҳам оварда шудааст. Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфта буд, ин китоб “ба волидон имкон медиҳад, ки барои фарзандони худ номҳои зебо интихоб кунанд.” Масъулони ин кумита гуфта буданд, дар ин феҳрист номҳое, чун Табару Теша, Кулӯх, Майна, Зоғ ё пасвандҳое, чун “қул” ё “тӯра” манъ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *