Тоҷикон Рӯдакиро мешиносанд? (Видео)

22 сентябр рӯзи бузургдошти устод Рӯдакист. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сардафтари адабиёти форсу тоҷик буда, 1156 сол қабл дар рустои Панҷрӯди Самарқанд, ҳоло деҳае дар шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ба дунё омад. Дар дарбори Сомониён камол ёфта, шеъри форсиро неруву тавон бахшид ва вирди забонҳо кард. Феълан дар Тоҷикистон ва ҷаҳон даҳҳо муассисаҳои илмиву маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо ба номи ин шоири тавоност. Боғи марказии шаҳри Душанбе низ, ки қаблан ба номи В. И. Ленин, доҳи пролетариати ҷаҳон буд, ҳоло ба номи устод Рӯдакӣ аст. Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ хабарнигори мо ба сайри Боғи Рӯдакӣ баромад ва аз гардишгарони боғ ба ду суол муроҷиат кард: «Шумо Рӯдакиро мешиносед?», «Аз ашъори устод Рӯдакӣ ду мисраъ қироат карда метавонед?» Посухи ин пурсишҳоро дар навори зер тамошо кунед.

Ширин Тоҳирӣ

Мумтоз Бозорбоева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *