Тоҷикон: Ӯзбекистон дигар кишвари норафиқ нест

Бар асоси назарсанҷии Маркази Таҳқиқотии Бонки Рушди Авруосиё, ки соли 2017 сурат гирифтааст, танҳо 14 дар сади мардум ба ин андешаанд, ки Узбакистон ҳамсояи хубе нест ва бо Тоҷикистон рафоқат надорад.

Бақияи мардум ба ин назар будаанд, ки Узбакистон, баръакси замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон нисбат ба Тоҷикистон хайрхоҳ аст.

Маркази Таҳқиқотии Бонки Авруосиё мегӯяд, то соли 2012 ва ё 5 соли пеш, 64 дар сади мардум дар Тоҷикистон – Узбакистонро барои ватани худ таҳдид мешумурданд ва нисбат ба он назари манфӣ доштаанд.

Ба ақидаи муаллифони таҳқиқот, бо назардошти тағйири фавқуллодаи назар ҳоло метавон гуфт, ки “Узбакистон дигар дар тассавури оммавии мардум дар Тоҷикистон кишвари норафиқ нест”.

Ба андешаи ин ҷомеашиносон, “шеваи ба корбурдаи Тоҷикистон барои коҳиши хусумат нисбат ба ҳамсояи ғарбиаш, мумкин аст, барои ташаннуҷзудоӣ дар кишварҳои собиқи шӯравӣ ба мисли Русияву Украина ва Арманистону Озарбойҷон истифода шавад.”

Муассисаи мазкур, як маркази таҳқиқотии зери назари Русия аст ва ҳар сол тамоюлҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва муносибатҳои кишварҳои минтақаро таҳқиқ мекунад. Таҳқиқоти афкори умум дар Тоҷикистонро охири соли 2017 дар моҳҳои ноябр ва декабр анҷом додаанд ва барои аниқ кардани тамоюлҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар бештар аз 1000 нафарро пурсидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *