Сабабгори занозании тоҷикон бо озариҳо як ӯзбек будааст
Баъди занозании рӯзи 16 август байни тоҷикҳову озариҳо соҳибкорон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикҳоро аз ҳаққи кор дар бозори «Кузбасский”-и шаҳри Нижний Новгород маҳрум кардаанд. Гуфта мешавад, тоҷикҳо ба ҳимоят аз як соҳибкори узбек бо озариҳо дастбагиребон шудаанд.
Нашрияи «Коммерсант”аз қавли соҳибкорони бозори меваву сабзавоти «Кузбасский” хабар дод, ки баъди занозании рӯзи 16 август соҳибкорон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикҳоро аз ҳаққи кор дар ин бузургтарин бозори умдафурӯшии шаҳри Нижний Новгород ва минтақаи Приволжскийи Русия маҳрум кардаанд. Савдогарони озарӣ ба хабарнигорони «Коммерсант” гуфтаанд, «ягон кас аз Осиёи Марказӣ дигар дар ин бозор кор намекунад.”
Бино ба гузориши «Коммерсант”, занозанӣ рӯзи 16 август аз як моҷарои маишӣ оғоз ёфтааст. Як ҳамсӯҳбати «Коммерсант” аз ҷамъияти озариҳо гуфтааст, як харидори узбек бо мошини худ пеши дӯкони як соҳибкори озариро мебандад ва соҳиби дӯкон аз вай талаб мекунад, ки мошинашро аз инҷо бигирад. Баҳси онҳо вақте аланга мегирад, ки харидори узбек мегӯяд, «дар байни шумо, озарбойҷониҳо ягон мард нест.” Озариҳо, ки бахши аъзами дӯкондорони бозори «Кузбасский”-ро ташкил медиҳанд, якҷоя шуда, он узбекро латукӯб карда, аз бозор ронданд.
Ӯ баъди чанде ба бозор баргашт, вале ин бор ҳамроҳи як гурӯҳи бузурги тоҷикҳо, ки ба ҳимоят аз вай бо озарбойҷониҳо дастбагиребон шуданд. Дар ин занозанӣ, ба гуфтаи муҳофизони бозор, беш аз 150 нафар ширкат карда, якдигарро бо чӯбу калтак ва арматураву санг латукӯб кардаанд.
Қаблан гуфта мешуд, ки тоҷикҳову озариҳо дар бозори «Кузбасский» барои паст кардани нарх ва задани савдои якдигар занозанӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти пулиси вилояти Нижний Новгород мегӯяд, ки маълумот дар бораи занозанӣ дар бозори кӯчаи Кузбасская соати қариб сеи рӯз ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Канавинск омад, вале вақте маъмурони пулис ба ҷои ҳодиса рафтанд, занозанӣ тамом шуда буд.
Рӯзи 17 август нирӯҳои ОМОН ва СОБР бозори «Кузбасский”-ро иҳота карданд. Мақомот мегӯянд, дар пайи занозании ахир дар ин бозор амалиёти профилактикӣ ба роҳ андохта шудааст. Дар дарвозаи бозор низ рӯзи 17 август навишта шуда буд, ки бозори «Кузбасский” ба далели «рӯзи профилактика” имрӯз кор намекунад.
Аммо дар робита ба занозании гурӯҳӣ дар ин бозор ҳанӯз парвандае накушодаанд. Пулис мегӯяд, аз ягон ҷониби қазия то ҳол шикояти расмие ба дасти онҳо нарасидааст.
Аз байни иштироккунандагон танҳо як нафар ба бемористон муроҷиат кардааст, вале ӯ ҳам баъди онки фаҳмид, дар борааш ба пулис хабар додаанд, баробари дарёфти кӯмаки аввалияи тиббӣ аз бемористон фирор кард.
Масъулони бемористони шаҳри Нижний Новгород ба хабаргузории озарии «Вести.Аз” гуфтаанд, ки ин осебдида шаҳрванди Тоҷикистон Мазорӣ Мамадолимович Нуъмонов, соли таваллудаш 1990 буд, ки дар пушташ ғолибан бо калтак зарбаи сахт хӯрда буд.
«Кузбасский» рынок (ЗАО «АДС Поволжье») – бузургтарин бозори умдафурӯшӣ нафақат дар Нижний Новгород, балки дар тамоми ҳавзаи федералии Приволжский ба шумор меравад. Дар ин бозор садҳо муҳоҷир аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик кор мекарданд.
Ин бори аввал нест, ки баҳси нарх дар бозорҳои Русия сабаби занозанӣ байни муҳоҷирон аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла бо муҳоҷирони тоҷик мешавад.
Рӯзи 7 август дар бораи чунин як занозанӣ байни тоҷирони тоҷику арманӣ дар бозори «Садовод” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав гузориш шуда буд. Ба гуфтаи шоҳидон, сабаби ҷанҷол дар «Садовод” низ якдигарро ба задани нархҳо айбдор кардани тоҷирон аз ин ду кишвар буд.
Занозанӣ байни арманиҳо ва тоҷикҳо дар «Садовод” тақрибан як соат давом карда, танҳо баъди дахолати як тоҷири дар байни арманиҳо мӯътабар анҷом ёфта буд.
Занозаниҳо байни муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои мухталиф дар Русия ҳодисаи нодир нест. Аз ин қабл дар бораи чандин занозаниҳои гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбек ва қавмҳои дигар низ гузориш шуда буд.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирони кориро пеш аз ҳама ба мушкилоти иқтисодии Русия ва тангтар шудани шароити бозори кори ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, аз ҷумла кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ