«Тоҷиксодиротбонк» аз бӯҳрон раҳо ёфт

«Тоҷиксодиротбонк» — яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон буҳронро пушти сар кардааст. Дар ин бора намояндагони бонк иттилоъ доданд.
Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи «Тоҷиксодиротбонк» гуфт, ки маблағҳои кӯмакии ҳукумат ва афзоиши баргардонидани қарзҳои мушкилситон аз муштариён, вазъи бонкро беҳбуд бахшид ва ҳамакнун «аз ҳисоби зарар ба фоида гузашт.»

Раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» рӯзи 19 декабри соли гузашта эълон кард, ки пули амонатии муштариёнашонро аз 3 январ бармегардонад. Онҳо гуфтанд, барои ин кор манзилу дафтар ва мошинҳои мутааллиқ ба бонкро низ ба музояда (ауксион) гузоштаанд.

Дар аввалҳои соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти молии 4 бонки тиҷоратӣ 3 миллиард сомонӣ ё 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда буд, ки аз ин маблағ саҳми “Тоҷиксодиротбонк” 2 миллиарду 250 милион сомониро ташкил дод.

«Тоҷиксодиротбонк» яке аз чаҳор бонки бузурги тиҷорӣ ба ҳисоб меравад. Пештар хабар дода мешуд, ки дороии умумии бонк ба бештар аз 5,5 миллиард доллар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *