«Тоҷиксодиротбонк» харидор меҷӯяд

“Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯши 80 дарсади саҳмияҳояш харидор меҷӯяд. Ин миқдор саҳмияҳои бонкро 300 миллион доллар нарх гузоштаанд. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо – “Тоҷинвест” – нашр кард.

“Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯши 80 дарсади саҳмияҳояш харидор меҷӯяд. Ин миқдор саҳмияҳои бонкро 300 миллион доллар нарх гузоштаанд. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо – “Тоҷинвест” – нашр кард.

Аз «Тоҷиксодиротбонк» гуфтанд, ин ҳамон саҳмияҳое ҳаст, ки ҳангоми ба мушкил дучор шудани бонк дар ду соли пеш давлат онро харида буд. Соли 2017 давлат 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда, саҳмияҳои бонкро харида буд.

Қарор буд, бонк дар давоми 5 сол маблағро ба давлат бозгардонад. Ҳоло маъмурияти бонк кӯшиш дорад ин саҳмияҳоро фурӯхта, маблағро ба давлат диҳад. Айни замон маъмурияти «Тоҷиксодиротбонк» бо сармоягузорони Арабистони Саудӣ аз ширкати Saudi Investment Group, ки ба шоҳзода Ал-Валид аз хонадони Оли Сауд марбут аст, барои фурӯши саҳмияҳош вориди гуфтугӯ аст.

Соле қабл маъмурияти «Тоҷиксодиротбонк» гуфта буд, ба ин ширкати Саудӣ 51 дарсад аз саҳмияҳошро мефурӯшад, аммо то ҳол ин додугирифт анҷом нашудааст. Аммо дар “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, музокирот бо ин ширкат идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *