То ин соат дар ҷаҳон 1 миллиону 128 000 нафар аз корнавирус фавтиданд

Аз оғози пандемияи коронавирусӣ, тибқи маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон зиёда аз 41,104 миллион ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст

Шумораи нави сироятёфтагони COVID-19 дар ҷаҳон дар зарфи 24 соати охир  423,8 ҳазор нафар зиёд шуд. Ин  маълумот дар сайти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) оварда шудааст.

Пеш аз он, шумораи баландатрин сироятёфтаҳо дар як рӯз 17 октябр ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон коронавирус дар бадани  412,8 ҳазор нафар ошкор карда шуд.

Аксари ҳолатҳои нави COVID-19 дар Иёлоти Муттаҳида мебошанд, ки дар як рӯз беш аз 60 ҳазор сироят ба қайд гирифта шуданд. Дар Ҳиндустон беш аз 55 ҳазор, дар Британияи Кабир 26 ҳазор ва дар Фаронса 25 ҳазор ҳолатҳои нав ошкор карда шуданд. Дар Бразилия сирояти ҳаррӯза 23 ҳазор, дар Аргентина 18 ҳазорро ташкил додааст.

Аз оғози пандемияи коронавирусӣ, тибқи маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон зиёда аз 41,104 миллион ҳолати сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва  зиёда аз 1 миллион 128 ҳазор нафар фавтидаанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *