Тоҷиниссо Зубайдова медали тилло ба даст овард

Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 –умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз 8 то 13 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, 6 ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод, намуд, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо чор медал — 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, Тоҷиниссо Зубайдова, номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи фармакологияи эксперименталӣ, фармакотерапияи клиникӣ ва биотехнологияи доруии Муассисаи давлатии «Маркази фармасевтии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот дар соҳаи биотехнология ва дорусозӣ «Маводи Ферубет, ки таъсири глюкозапасткунанда дорад» ва «Чойи оромкунандаи «Денисенко» соҳиби медали тилло, Робия Раҳимова, ассистенти кафедраи «Кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино барои ихтироъ дар соҳаи кимиё ва дорусозӣ «Албтсинкати дорои фаъолияти зиддигиҷҷавӣ» соҳиби медали нуқра, Саврибегим Ёрмамадова, дотсенти кафедраи «Кимиёи татбиқӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё «Дибатсинкати дорои фаъолияти зиддизанбуруғӣ» соҳиби медали биринҷӣ ва Гуландом Каримзода, ассисенти кафедраи «Бемориҳои ҷарроҳии №2»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино барои ихтироот дар соҳаи тиб «Тарзи барқарорсозии тендонҳо ҳангоми оқибатҳои осеббинии тори асаби улнар» ва «Тарзи бо ҷарроҳӣ табобаткунии дараҷаи вазнини контрактураи Фолкман» соҳиби медали нуқра ва сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.
Дар намоишгоҳ ва Форуми мазкур аз 30 давлати ҷаҳон 500 нафар бонувон-ихтироъкорон маҳсули фаъолиятҳои зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *