То кай чашм ба Чину Покистон дорем?

Ҳар гоҳе сухан аз боби рушди иқтисодиёту молиёти кишвар равад, бо ном теъдоде аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ дониставу надониста, арқом ё нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таҳриф месозаданд, ки чунин амалкард гувоҳӣ аз чаҳорчӯбаи ҳар гуна таҳлилу андешаи воқеӣ берун гаштанро медиҳад. Ин теъдод сатҳи таваррум, болоравии нархи маҳсулоти бозорро дастак карда, садо баланд мекунанд, ки рушди иқтисодиёти кишвар бо сифр баробар буда, ояндаи наздик ҳоли сангину вазнине моро дар пеш аст.

Мутаассифона, чунин таҳлилрониҳоро бештар созмону ташкилотҳои ҷамъиятие бо ҷалби “таҳлилгарони дохилӣ” пешниҳод мекунанд, ки “дар фазои демократия сайругашт доранд” ва чунин дастуру супориши хоҷагонашонро ба хотири таҳияи маърӯзаи солонаи “демократпарварон” амалӣ месозанд. Хуб, фикр мекунам гуфтаҳоямро ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ нест, зеро он чӣ аён аст, онро ҳоҷат ба баён набувад!

Воқеъбину хушбин бояд буд. Ҳар кӣ дид ё нигоҳи хоса дорад, маротибе амиқан натиҷаҳои макроиқтисодиро дар сар гардиш медиҳад ва дар анҷом маълум хоҳад кард, ки дар ин рӯзҳои сахту мушкил, таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ, идомаи низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дигар пайомадҳои номатлуби ҷаҳонӣ, иқтисодиёти моро низ ҳар лаҳза такон медиҳад. Аммо дар муқобили ин ҳама паёмадҳои буҳронӣ, пешрафтҳоеро дар заминаи иқтисодӣ ноил шудаем, ки инро набояд нодида гирифт: Чунончи, дар нимсолаи якуми соли равон рушди иқтисоди миллӣ дар маҷмуъ 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 46,2 млрд сомонӣ баробар гардидааст. Дар ин давра нақшаи даромади буҷети давлатӣ 102% иҷро шуда, ба буҷет 15,1 млрд сомонӣ ворид шудааст. Чунин хулосарониро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат, зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон  барои  солҳои 2023-2025 ироа доштанд.

Воқеан ҳам, агар ба нишондодҳои оморӣ воқеъбинона назар афканем, дар баъзе аз соҳаҳо пешрафтҳое ба назар мерасанд. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ саноатикунонии кишвар, ки ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ пазируфта шудааст, босуръат идома ёфта, 137 корхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, рушди маҳсулоти саноатӣ 117,3 фоиз таъмин гардидааст. Дар марҳилаи аввали амалӣ гаштани ҳадафи стратегӣ ба даст овардани чунин нишондодҳо албатта фоли нек аст ва бо истифода аз захираву сарчашмаҳои дохилӣ метавон оянда вазъи саноатии кишварро беҳбуд бахшид.

Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, дар ин шашмоҳа истеҳсоли орд, ки барои мардум ҳамчун маводи аввалияи рӯзгор маҳсуб мегардад, 35 фоиз коҳиш ёфтааст. Коршиносон сабаби чунин коҳишёбиро марбут ба омилҳои дохиливу берунӣ медонанд. Таври маълум, воридоти орду ғалла бештар аз хориҷи кишвар сурат мегирад ва кишварҳои содиркунандаи орду ғалла, ки имрӯз мувоҷеҳ ба буҳрони ҷаҳонӣ гаштаанд, имкони сад дар сад бо орду ғалла таъмин кардани кишвари моро надоранд. Аз чунин вазъи бамиёномада Сарвари давлат изҳори нигаронӣ карда, масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассостсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагиро супориш доданд, то ҷиҳати мунтазам ворид намудани гандум ва дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он тадбиру чораҳои зарурӣ андешанд. 

Омилҳои зикршуда сабаб шудаанд, ки як халта орди навъи якум дар мағозаву бозорҳои кишвар ба марзи 400 сомонӣ расидааст, ки бо чунин қимат на ҳама имкону тавони харидории як халта ордро доранд. Масъалаи мазкур рақами як аст, ки он бояд ҳалли хешро пайдо кунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи якуми соли 2022 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 107,2 фоизро ташкил кардааст. Магар ин нишондод қонеъкунанда аст? Албатта не, зеро дар шароите, ки боду ҳавои мусоиду мувофиқ ва заминҳои киштбоби серҳосил дар ихтиёр дорем, метавон ҳосили табъи дил ба даст овард! Бале, метавон, ба шарте агар аз имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва оқилонаву самаранок истифода бурда шавад. Дақиқии рақами боло зарурат ба омӯзиш дорад. Зеро тарзе ки мо маълумот дорем, имсол истеҳсоли пиёз назар ба соли гузашта 1000 тонна камтар аст.

Замоне кишварамонро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун макони ягонаи тавлидкунандаи меваю сабзавоти шаҳдбор эътироф мекарданд. Мутаассифона, имрӯз ҳар гуна омилҳои дохилию беруна садди пешрафт дар ин ҷода гаштаааст. Дигар оби дари хона қадр надорад ва чашмонамон сӯи ҳамсоякишвару Чину Покистон чор аст, ки кай картошкаву пиёзу себу дигар анвои меваҷот аз ин кишварҳо вориди бозорҳоямон мегардад. Чӣ, магар истеҳсолу парваришу коркарди маҳсулоти ақаллан аввалиндараҷаро дар ихтиёр надорем, ки ҳамеша ба умеди дигаронем?

Агар дар кори худ содиқ бошему маротибе ҳам манфиати миллиро аз манофеи худ боло гузорем, он гоҳ имкону тавони содироти помидору картошкаву караму себу анҷиру шафтолуи худро ба дигар кишварҳо низ пайдо мекунем! Ҷиҳати расидан ба мақсад ҳар яки мо, бахусус масъулинро лозим аст, то ба ҷои ҳар гуна худнамоишдиҳиҳо, беҳтару бештар кор кунанд (-ем), сарчашмаҳои нави истеҳсолотро ҷӯё шаванд (-ем), фазои сармоягузориву соҳибкориро ҷоннок намоянд (-ем).

Имрӯз дар Тоҷикистон шароити хуб барои роҳандозӣ кардани соҳаи чорводорию парандапарварӣ, моҳидорию занбӯриасалпарварӣ фароҳам аст.  Аммо афсӯс, ки дар ин самт мо фориғболему баҳона пеш меорем, ки нархи сӯзишворию ҳар гуна хизматрасониҳо гарон аст.

Як муаммои дигар ва ё омили муҳими болоравии нархи маҳсулоти бозор побарҷост, ки солҳо боз атрофи он мегӯем, аммо афсӯс, ки натиҷае нест: кишоварзон ҳосили бадастовардаашонро, метавон хулоса кард, ки бо нархи ночиз ба дасти ҳаннотони бозорҳо муфтакак тақдим мекунанд, ки он молу маҳсулот то омадан ба бозорҳои дохилӣ дасти ба даст мегузарад. Мусаллам аст, ки аз як даст ба дасти дигар гузаштани маҳсулот дар худ сарбориҳое дорад, ки барои мардум мушкилот эҷод мекунад. Инро ҳама медонанд, ВАО-и кишвар низ аз арзи вуҷуд доштани чунин падидаи номатлуб бонги изтироб мезананд. Аммо…

Масъулин ва ҳар яки моро лозим аст, то ин гуфтаро ҳалқаи гӯши худ созем, ки: ҳар гуна  иқдому ғамхориҳо танҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар аст. Пас, чаро пайи иҷрои дастуру супоришотҳо  фориғболӣ мекунем? Чаро бо ҳар гуна амалҳои номувофиқу мухолифамон бар чархи фарсудаву нимгардони осиёби бадхоҳони миллат об мерезем?

Ҷаҳд бояд кард ва ба умеди дигарон набояд шуд. Ба қавли Ғании Кашмирӣ:

Кори худро худ кунӣ, то нек ояд кори ту,

Кас нахорад пушти ту, ҷуз нохуни ангушти ту.

Муҳиддин ИДИЗОДАмахсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *