То вохӯрии оянда зинда бошед!

 40 сол !  Ба назар чунин мерасад,  ки ба забон овардани ин рақам касро ба қаъри солҳо мебарад  ва дуриҳои дур садои он солҳо  базӯр шунида мешавад. Воқеан ҳам,  40 сол кам нест ва умри як ҷавонмард аст. Дар чил сол кишвари мо соҳибистиқлол шуду ҷомеа аз як шакли низоми сиёсӣ  ва иқтисодӣ ба шакли дигар гузашт. Он арзишҳое, ки чил сол пеш  вуҷуд доштанд, акнун ҳеҷ арзише надоранд. На дигар борши 20- тина ва на нони 10-тинаро меёбед ва на  бо як сӯм пул рӯзатон мегузарад. Дигар танҳо бо дониши худ  гирифтани баҳо амри муҳол аст. Дигар ҳатто таҳсили бепул он тараф истад, баҳои бепул нест. Стипендия ном чиз  аҳён- аҳён ба назар мерасад ва он ҳам аққалан роҳкирои якҳафтаинаи донишҷӯ намешавад.  Дигар устодон  ғами шогирд намехӯранду мисли Ҳусейнзодаю Асрорӣ сахтгир не, балки баъзеашон пулгир шудаанд. Дигар ин нест, он нест ва ба ҷояш ин шуду он шуд. Ин буд мавзӯи асосии суҳбати чилсолаҳо. Чилсола ба синну сол не, балки чил сол пас аз хатми  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин!  Ягона университет (донишгоҳ) дар Тоҷикистон! Ҳоло сари ҳар қадам донишгоҳу  донишкада, пул бошад, ҷангал пури шӯрбо. Он қадар ҳам мардикори  дипломдор зиёд шудааст, ки санг партоӣ, ба сари эшон мезанад…

 Сарҳо сафед, ожанги  чеҳраҳо аз гузашти солҳо дарак  медиҳанду овоз дигар ҷарангосӣ нест ва сухангуӣ пуртаҳаммулу боандеша…Ин буд чеҳраи фориғултаҳсилони  факултаи филологияи УДТ, хатми соли 1976. Баъзеҳо ҳамдигарро танҳо баъд аз чил сол вохӯрданд ва…фикр карда, ба чеҳараи  ҳамсабақ дуру дароз  нигариста,  ангушт ба даҳон бурда,   баъд ному насаби ҳамсабақи худро ба ёд меоварданд.

— Афсӯс ки духтарони мо пир шуданд,

Пурнуру батамкину батадбир шуданд,

Сад шукр дар ин ҳаёти пуршебу фароз,

 Кампир шуданд, валек кам пир шуданд,

 

— мегӯяд  ҳамсабақи  мо Иззатбеки Идизод баъди 40 сол бо ин рубоии худ.

Аммо он рӯз на ҳама ба ҷамъомад омаданд. Баъзеҳо чанд сол пеш ва баъзеҳо ба наздикӣ сафари он дунё карданд. Нависанда Аҳмадшоҳ  Маҳмадшоҳ, муҳаррири собиқи “Садои мардум” Бобоҷони Абдулвоҳид,    рӯзноманигори намоён Мақсудҷони Ҳусейн, фарзанди Раҳим Ҷалил — рӯзноманигор Пӯлод Ҷалил,  Зулайхои ҷиргатолӣ, Абдураҳмони исфарангӣ, Мавлудаи панҷакентӣ, Тоҳири Асомиддин дигар дар байни ҳамсабақон нестанд. Охирин нафаре,  ки моро тарк кард, ин шоир Убайдуллоҳи Ширин буд, ки рӯзе қабл аз вохӯрӣ  вафот кард.

Ҳамсабақон рӯзи дароз дар бӯстонсаройи ҳамсабақи худ Нусратуллои ваҳдатӣ нишаста, аз дидори ҳамдигар сер намешуданд, якҷоя суруди даврони пахтачиниҳои худро месароиданд, аз рӯзгору фарзандону наберагони худ ба ҳамдигар қисса мекарданд ва ба лоиқхониҳои Шарифи Ҳамдампур гӯш медоданд. Он рӯз дарёи Кофарниҳон бо ҳамсабақон ҳамоҳанг буд…

Рӯзи дигар сайри Душанбе  намуда, хотираҳои худро аз айёми ҷавонӣ дар ин шаҳре, ки онҳоро ба камол расонида, соҳибном кардааст, ба ҳамдигар нақл мекарданд  ва  то хаста шудан сайр карданд. Бисёриҳо, ки аз минтақаҳои дигари кишвар ба пойтахт омада, солҳо онро надида буданд, аз тағйири он   ва зебогии имрӯзааш ангушти ҳайрат мегазиданд.

“Худо хоҳад боз вомехӯрем…”, -мегуфтанд онҳо вақти хайрухуш. “Ба ҳама супориш: то вохӯрии оянда касе намурад!”, — мисли солҳои донишҷӯӣ амр кард Партави восеъгӣ. Худо хоҳад…

А. АҲАМАДЗОДА,

ҳамсабақи воқеанигори чилсолаҳо

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *