Тобистон 8 намуди беморӣ меорад

Бемориҳои дилу рагҳои хунгард

Ҳавои аз ҳад гарми фасли тобистон ҳатто барои дили солим зарарнок аст, дил дар гармо аз ҳад зиёд хунро ба гардиш меорад. Дар натиҷа таппиши дил зиёд шуда, фишори хун баланд мегардад. Бо сабаби беобшавии ҷисм хун ғафс шуда, оксигенаш кам мешаваду гипоксия, беҳушшавӣ, сактаи дил ва фалаҷ сар мезанад.

Чӣ бояд кард: Ҳамарӯза дорувориҳоеро, ки табиб тавсия медиҳад, истеъмол намоед.Ҳамеша бо худ доруи глитсерин гиред. Дар ҳавои гарм ҳаракати ҷисмонӣ накарда, сари луч нагардед. Хӯроки серравған истеъмол накунед, ба беобшавии ҷисм роҳ надиҳед, бештар обу моеот истеъмол кунед. Аз гармои тобистон бо оббозӣ салқин шудан мехоста бошед, эҳтиёт шавед, зеро оби сард рагҳои хунгардро танг месозад.

 Гипертиреоз (бемории ғадуди сипаршакл)

Нури зарарноки офтоб, ҳавои тасфон ва миқдори зиёди йоди баҳрӣ сабабгори фаъолшавии ғадуди сипаршакл мегардад. Коркарди бошиддати ҳормонҳо сабабгори пайдоиши гипертиреоз мегардад, ки нишонаҳояш пайваста гармшавӣ ва арақкунӣ, рӯҳафтодагӣ, таппиши барзиёди дил, варами атрофи чашм, харобшавӣ дар сурати иштиҳои хуб, ташнагии пайваста, зуд-зуд пешобкунӣ, ларзиши даст, рехтани мӯйҳо мебошад. Дар сурати сар задани аломатҳои мазкур таҳти назорати мутахассисон табобати дарозмуддат гирифтан лозим меояд.

Чӣ бояд кард: Дар зери офтоб нагардед.

Аэроотит, бароотит

Бемории мазкур асосан дар дӯстдорони оббозӣ дида мешавад. Бо андаке шамолхӯрӣ ё зукоми сабук ба даруни ҳавзи об паридан сабабгори аз роҳи ҳалқу бинӣ ба гӯш ворид гардидани инфексия мегардад. Нишонаҳои аввалини беморӣ шунавоии паст, садо дар гӯш, сихзании пардаи гӯш мебошад. Барои пешгирӣ намудани аэроотит қабл аз оббозӣ ба бинӣ қатрадоруҳои рагтангкунандаи галазолин, санорин ё нафтизин чаконидан лозим аст. Бароотит дар нафароне пайдо мешавад, ки ҳангоми бемории зуком ба даруни об мепаранд.

Чӣ бояд кард: Ҳангоми оббозӣ чуқур нафас кашида, вақти ба соҳил баромадан оби гӯшҳоятонро берун созед (аввал бо як пой ва баъдан бо пои дигар паред). Агар отити музмин дошта бошед, пеш аз оббозӣ ба гӯшҳоятон пахтаи қаблан дар вазелин таршударо гузоред.

 Миозит (илтиҳоби мушакҳо)

Миозит дар нафароне пайдо мешавад, ки назди кондитсионер нишастан ё хобиданро дӯст медоранд. Ин амали шумо баробари он аст, ки дар фасли зимистон назди тирезаи кушода дурудароз қарор дошта бошед. Аз назди кондитсионер хеста, эҳсос мекунед, ки мушакҳоятон дардманд шудаанд, гӯё кори вазнини ҷисмонӣ карда бошед, ба ҷисм даст расонидан номумкин аст, ҳангоми ҳаракат кардан дард зиёд шуда, заифии мушакҳо бо мурури вақт зиёд мешавад.

Чӣ бояд кард: Дар чунин ҳолат бояд истироҳат намоед, то ки мушакҳо дар ҳолати оромӣ қарор дошта бошанд. Баъдан маҳсу тарбандиҳои спиртӣ ва маҳлулҳои зиддиилтиҳобӣ истеъмол кардан лозим аст.

Инфексияҳои пӯст

Дар фасли тобистон сироят ёфтан аз инфексияҳои пӯст хеле осон аст. (масалан, дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ) Ҳамзамон пойи луч гашта, ба осонӣ бемории микозро қапидан мумкин аст, ки тавассути захму ярачаҳои пой ба ҷисм ворид мегардад.

Чӣ бояд кард: Агар пойи луч дар замин гаштанро дӯст медошта бошед, яраву захми пойҳоятонро бо часпонак (пластыр) махкам кунеду рӯйи алаф ё рег нашинед. Дар сурати пайдо шудани аввалин нишонаҳои беморӣ-доғҳои пӯст (лишай), хоришаки пӯст, тарқиши пӯст (замбурӯғ) дарҳол бонги хатар занед.

Неши ҳашарот

Неши кӯрпашша, занбӯр ва дигар ҳашароти заҳрнок сабабгори заҳролудшавии ҷисм гаршта метавонад. Дар натиҷа вараму сурхӣ дар пӯст, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, табларза, дарди буғумҳо, нафастангӣ, аз ҳуш рафтан дида мешавад.

Чӣ бояд кард: Дар сурати газидани ҳашароти заҳрнок дарҳол неши онро кашида гирифта, заҳрашро аз яра макида гирифтан лозим аст. Барои он ки заҳр таъсири бештар нарасонад, аз мавзеи газидашуда болотарро баста, дорувории антигистаминӣ истеъмол кардан лозим аст. Барои пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳо аз ҷойҳои ҳашаротдошта дурӣ ҷӯед ва тирезаҳоятонро бо тӯр маҳкам кунед. Агар шуморо фулус (клещ) газида бошад, бо вуҷуди худро хуб ҳис кардан, ба табиб муроҷиат кардан лозим аст, зеро ин ҳашарот паҳнкунандаи бемориҳои хатарнок ба шумор меравад.

Ангина, ларинит, фарингит

Як порс яхмос, оби сарди газнок аз яхдон, оббозӣ дар оби сард  роҳи ҳалқ ё ҷисмро хунук  намуда, вирусу микробҳоеро, ки дар роҳи ҳалқу бинӣ вуҷуд доранд, фаъол месозад. Дар натиҷа гулӯ ба дард меояд.

Чӣ бояд кард: Мунтазам истеъмоли нӯшокии гарм (оби минералии гарм, чойи кабуд, морси клюква), гармии хушк ба гардан (шарфи пашмин пушед). Агар табиб ангина шуданатонро тасдиқ намояд, бе истеъмоли доруворӣ намешавад. Бемории мазкур ба дилу гурда таъсири манфӣ мерасонад.

Инфексияҳои рӯда

Инфексияҳои рӯда беш аз 30 намуд мешаванд. Патогенҳо дар муҳити зист, обу маҳсулот зиндагӣ мекунанд ва дар ҳавои тасфон паҳн шуда, ба ҷисми инсон тавассути хӯрок, об ё дастони ифлос ворид мегарданд. Вирусҳои мазкур хеле сироятӣ ҳастанд, аз ин рӯ, тамоми оилаву коллективҳои истеҳсолӣ бемор мешаванд. Барангезандагони инфексияҳои рӯда рангу бӯй ва тамъи маҳсулотро тағйир намедиҳанд. Дар натиҷа инсон нафаҳмида, онро истеъмол мекунаду сироят ёфта, бо заифӣ, қайкунӣ, дарунравӣ, таби баланд аз бемор шуданаш бохабар мегардад.

Чӣ бояд кард: Барои тоза кардани заҳрҳо ва барқарор сохтани мувозинаи об дар ҷисм дорувориҳоисмекта ва регидрон истеъмол кардан лозим аст. Зудтар шифо ёфтан хоҳед, бештар об истеъмол намоед. То пурра нестшавии аломатҳои сироятёбӣ аз хӯрок худдорӣ намуда, биринҷоба истеъмол кунед. Фаромӯш насозед, ки қайкунӣ ва дарунравӣ реаксияҳои муҳофизатии ҷисм буда, барои тоза шудан аз заҳрҳо мусоидат мекунанд.  Пешгирӣ намудани инфексияҳои рӯда дастони тоза ва маҳсулоти тоза шусташуда мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *