Тобистони сархӯр: Сел дар деҳаи Киштӯдак 9 нафарро кушт…
Шоми 19 июл бар асари сели шадид дар деҳаи Киштӯдак дар канори шаҳри Панҷакент 9 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҷасади 7 қурбонии селро аз зери хоку лой берун овардаанд.
Радиои Озодӣ гуфт, мақомот номи ду қурбонӣ — Мусаллама Эгамбердиева ва Ором Эралиеваро, ки зери лой монда, ҷон бохтаанд, эълон карданд.
Номи ҳафт нафари боқимонда, ки чаҳор нафари онҳо кӯдак ҳастанд, то ҳол эълон нашудааст. Ба гуфтаи намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ин ҳафт нафар дар чарогоҳи деҳаи Киштудак, ки аз маҳалли зисташон 30 километр дуртар будааст, туъмаи сел шуданд.
Шоми 19 июл дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ низ боришоти шадид ва селу обхезӣ мушоҳида шудааст. Дар видеоҳое, ки “Азия Плюс” аз ноҳияи Айнӣ нашр кард, дида мешавад, ки сел ҳатто як мошини сабукравро бурдааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ