Тобистонро дар  интернет…  бо манфиат гузаронед

Дар рӯзҳои таътил мактаббачагон ва донишҷӯён чӣ гуна машғулиятҳои фоиданок доранд? Дар тобистон бисёр корҳоро анҷом додан мумкин аст, аз ҷумла  омӯхтани  забонҳои хориҷӣ, хондани китобҳо ва аз худ кардани дизайни  компютерӣ.  Дар ниҳоят, боз  як фикри хуб ин аст, ки тавассути тамошои филмҳо ва бозӣ дар компютер ё смартфон истироҳат карда метавонед.   Биёед, дар бораи манбаъҳои  муфиде, ки дар тобистон ва ҳатто баъд аз он  бароятон дӯсту   ёварони хуб мешаванд,  маълумот диҳем! 

«Академияи МегаФон»

Портали омӯзишӣ.          

Аз дигар  порталҳои шабеҳ  бо  шумораи зиёд ва гуногунрангии  курсҳои онлайн  фарқ мекунад.        

Дар ин портал курсҳо  мувофиқи  ҳар гуна  дархостҳо мавҷуданд. Метавонед барномасозиро дар Python ва Java Script азхуд карда, тарзи таҳияи  постерҳои ғайримуқаррариро  омӯзед ва бо касбҳои маркетолог ё рӯзноманигор шинос шавед. Бо истифодаи    компютери фардӣ  ё дастгоҳи мобилӣ  малакаҳоеро, ки дар ҷаҳони рақамии имрӯза талабот доранд, пайдо  кардан мумкин аст.   Рӯйхати курсҳо бо мурури  пайдошавии  шарикони нави лоиҳа ба таври доимӣ пурра  карда мешавад. Пайваст шавед ва онлайн таҳсил кунед!

Пайвастшавӣ – бо дархости  *3142#, нархи хизматрасонӣ – 0,99 сомонӣ дар як шабонарӯз.

«Муоширати озод»

Хизматрасонии  забонҳо.

Аз дигар  хизматрасониҳои   шабеҳ  бо  имконияти  омӯзиши забони хориҷӣ  дар формати гуфтугӯӣ   фарқ мекунад.           

Бозёфт  барои онҳое, ки мехоҳанд забонҳои гуногунро омӯзанд, аммо аз сабаби набудани вақт ба курсҳои муқаррарӣ  рафта наметавонанд.  Бо «Муоширати озод» худи муштарӣ муайян мекунад, ки кай ва бо кӣ қобилияти гуфтугӯро бо забонҳои  русӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, ӯзбекӣ ё туркӣ такмил медиҳад.   Дар хизматрасонӣ   метавонед ҷинси мусоҳиберо, ки  забони лозимиро медонад,  интихоб кунед ва бо ӯ муошират намоед.   Рақами телефони шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Пайвасткунӣ: *1011#, нарх: 0,79 сомонӣ дар як шабонарӯз.


«Литрес»

Сервиси китобҳои овозӣ ва  электронӣ.

Аз дигар  сервисҳои     шабеҳ  бо  интихоби васеъ    фарқ мекунад.

Ба  маҷмӯъ  наздики   як миллион китоби ҳамаи жанрҳои мавҷуда дохил мешавад. Дар баробари обунашавӣ,  метавонед онлайн бихонед ва трафики интернет ройгон аст.   Бастаи интернетии ба тарофаи муштарии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» дохилшуда низ сарф   карда намешавад.     

Пайвасткунӣ: *5999#, арзиш: 1,10 сомонӣ дар як шабонарӯз.

«Mega Kids»

Портали кӯдакона.

Аз дигар  порталҳои шабеҳ  бо  нархи арзонтар  ва  дастрасӣ  дар  дилхоҳ тарофа    фарқ мекунад.        

Портал бо контенти  фароғативу маърифатӣ  барои кӯдакон. Дар он  бахшҳои «Филмҳои тасвирӣ», «Бозиҳо», «Афсонаҳо», «Китобҳо», «Мусикй» мавчуданд. » Mega Kids » барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ  ва  вақтгузаронии муфид   дар Интернет кғмак менамояд.   Трафики таҳвили  маълумот ҳангоми истифодаи портал ройгон буда, трафики ба тарофаи  ҷорӣ ё бастаи интернетии муштарӣ дохилшуда сарф   карда намешавад.

Пайвасткунӣ : *2526#, нарх: 0,99 сомонӣ дар як шабонарӯз.

«eSport»

Портали  киберварзишӣ 

Аз дигар  порталҳо   бо он фарқ мекунад, ки дар  Тоҷикистон  шабеҳи он нест.

Метавонед дар мусобиқаҳои намудҳои маъмултарин   иштирок кунед ва туҳфаҳои  пулӣ гиред. Чунин бозиҳо, ба монанди  «PUBG», «Mobile Legends», «Call of Duty», «Free Fire»,  дастрасанд. 

Пайвасткунӣ: *1881#, нарх: 0,99 сомонӣ дар як шабонарӯз.

«START»

Кинотеатри онлайн.

Аз хизматрасониҳои дигар   бо  шумораи  контенти аслӣ    фарқ мекунад. 

START – ин даҳҳо ҳазор филмҳо, филмҳои тасвирӣ, силсилафилмҳо   аз тамоми ҷаҳон зери як обуна. Контенти  боргиришударо  дар реҷаи оффлайн,   аз ҷумла бидуни дастрасӣ ба интернет, тамошо кардан мумкин аст. Тавсияҳо оид ба маҳсулоти нав, жанрҳо, мавзӯъҳо, кишварҳо, киностудияҳо   ва тавсияҳои махсус  мавҷуданд, ки ба корбар мутобиқ  мешаванд.  

Пайвасткунӣ: *4006#, нарх: 1,5 сомонӣ дар як шабонарӯз.

«Apps Club»

Портал барои боргирии  замимаҳои мобилӣ ва бозиҳо.

Аз дигар  порталҳои шабеҳ бо  нархҳои арзон   фарқ мекунад.   

Портал бо дастрасии бемаҳдуд ба зиёда аз 1 000 беҳтарин замимаҳо  ва бозиҳо бо нархи дастрас, бидуни реклама  ва хариди дохили замима. Ин беҳтарин пешниҳод дар байни ҳамаи манбаъҳои амалкунандаи замимаҳо   дар Тоҷикистон аст.

Пайвасткунӣ: *510#, нарх: 0,99 сомонӣ дар як шабонарӯз.

Ин ҷо на ҳамаи  хизматрасониҳои муфид  номбар шудаанд .  Рӯйхати пурраро   бо маълумоти  муфассал дар сомонаи     https://content.megafon.tj/#/    пайдо карда  метавонед. 

Дар вақти таътил  бо хушнудӣ,  ҷолиб ва муфид истироҳат намоед!  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *